«КАРАМДОМУЛЛО»

Номи ӯ аслан Толиб, вале барои аҳли деҳа, аз ҷумла камина, ки бо ӯ дар як синф таҳсил гирифтаам, номи ӯ Катанӣ мебошад.

Номи ӯ аслан Толиб, вале барои аҳли деҳа, аз ҷумла камина, ки бо ӯ дар як синф таҳсил гирифтаам, номи ӯ Катанӣ мебошад. Ин бесабаб нест. Зеро вай дар шуъбаи кофтукови ҷинояти идораҳои корҳои дохилӣ фаъолият бурда, ба гирифтани тахаллуси «Катанӣ» – қаҳрамони филми машҳури «Ҳаштпо» мушарраф шудааст. 
Ҳоло Катании мо дар нафақа аст. Воқеан, хабарнигорон дар бораи шоҳроҳи ин марди шуҷоъ бисёр навиштаанд. Яке аз онҳо «Катанӣ» ном иншои банда буд.
Пас аз мутолиаи он вай забони шикоят кушода гуфт, ки «ҳой, Қалам, муболиға ба эбаш-дия. Аз пашша фил сохтан чӣ лозим? Шумо сафсата фурӯхта, табъи худро чоқ карда мегардед-дия».
– О, Катанӣ, «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад» гуфтаанд, – фаҳмондам ба ӯ, – қаламзанӣ туфангбозӣ не. Сонӣ, шумо, ҷӯраи азиз, қаҳрамони замони мо. Ваъда медиҳам, ки як умр «дасти ману домани ту».
Шояд аз ҳамин сабаб ба маъракаи ӯ рафтаму гуфтору рафторашро дида боз қалам ба даст гирифтам. Зеро ӯ ҳамон чанги баъзе шахсони нопоку тамаъгирро меафшонд. Шиори вай «хас каму – ҷаҳон пок». 
Катанӣ маъракаи ёдбуд барпо карду каминаро ҳам даъват намуд. Ба хотири дӯсти ҷонӣ ва ҷавониам барвақттар омадам, ки аллакай дар кати таги дарахти тути балхӣ чанд нафар нишастаанд. 
– Қаламҷон, ришу мӯйлаб надошта бошед ҳам, болои кат, назди муллоҳо ё ҳо ана, дар он гӯша бо каллаҷунбонҳои маҳалла мешинед? – баъди хайра мақдам гуфтан пурсид соҳибхона.
Ман ба пешвоёни дин зеҳн мондам. 
– «Сиёҳча» дору зиёфат мекунад, «Обхӯр», «оби зам-зам» медиҳад, «Патифон» мусиқӣ ташкил мекунад, – Катанӣ як-як лақабҳои пешвоёни динро ба забон овард, – боз чӣ даркор, ба шумо?!
– Ана ҳо вай, риши дарозу саллааш сабад барин кӣ? – тагпурсӣ кардам ман, - ситорааш гарм, лекин нашинохтам.
Катанӣ ба пасу пеш эҳтиёткорона нигарист ва пичиррос зада фаҳмонд, ки муовини нави имом-хатиб. Иншооллоҳ, имрӯз номи «Карамдомулло»-ро хоҳад гирифт.
– Мисли «Обхӯр»? – завқ карда хандидам ман, – боз ягон хел реҷаро кашидед?
– Албатта, – вай ангушти ишоратиро ба лаб гузошт, – сирри мардон пӯшида беҳ.
Воқеан, Катанӣ дар кадом маърака бо «Обхӯр» домулло ҳамроҳ нишаста, ба хидматгор фармудааст, ки дар шишаи оби маъданӣ «оби зам-зам» оварад. Сипас бепарво ба ду пиёла рехта, оҳиста ба домулло пичирросзанон амр додааст, ки пиёларо холӣ кунад. Мулло аз машруботдӯстон будааст, бо як нафас, мисли ташнаи саҳрои Кабир пиёларо холӣ кардааст. «Соқӣ агар навбата ғалат кунад, аз худаш сар мекунад» гуфтагӣ барин домулло шишаро то қатраи охирин холӣ кардаасту ҳангоми қироат забонаш гирифта, сабаби хандаву истеҳзои ҳозирон шудааст. Ҳоло вай чун домуллои «обхӯр» шинохта шудааст. 
– Дирӯз воқеаи аҷиб шуд, – риштаи хаёламро бурид Катанӣ, – бо баҳонаи хабари маърака ба масҷид рафта будам, ки ҳамон марди ришу фашаш нозеб ба истиқболам баромад. Ҳамон Алимардони барои кисабурӣ 3-4 маротиба ба «истироҳат» рафта.
– Чӣ хидмат, мулло ака?
– Ба маърака аҳли масҷидро барои даъват кардан омадам, – масъаларо фаҳмондам ман.
– Аз шумо як ишорат, аз мо бо сар давидан, – гуфт ӯ, – албатта, меравем.
– Ҳаққи хидмат чӣ мешавад? – худро гӯлу гумроҳ гирифта гӯлпурсӣ кардам, – бори нахуст маърака мекунам.
– Ба дигарҳо нону рӯймолча ва ба ҳиммататон як сӯм-ду сӯм хайрия. 
– Ба шумо чӣ? – ҳисси кунҷковиам боло гирифт, – нотарс гап занед, мо азони худӣ.
«Майда-чӯйда накарда якто карам-дия», – гуфт.
Ана имрӯз вай як пойи гӯсола шуда омадааст ва албатта, мукофоташро мегирад, – хулоса кард Катанӣ, – шумо, нависандаи муҳтарам, ҷони худро ба ҷаббор дода, навмуллои унвонгирандаро аз ҳаллоҷӣ мегузаронед, яъне ҳиссае аз қисса менависед. Сонӣ каминаи муҳтарамро барои пайдо карда додани мавзӯи ҳикоя аз ҳисоби «ҳаққи қалам» зиёфат мекунед.
– Худи ҳозир-дия, – ба ҷониби деги калони пешгаҳи ҳавлӣ, ки дар атрофаш ошпаз ва чанд нафар ҷунбуҷӯл доштанд, ишорат намудам ман, – насияро дуздҳои шумо баровардаанд.
– Ё тавба, ба таги думи муллоҳои худбини тамаъгири ношуд шумо ҷангал бандеду мани бечора зиёфат диҳам? – Катанӣ айёрона хандид, – хуб, сухани шумо шикастана, гардани шайтон шиканад. Баъди гусели меҳмонон ҳар ду нишаста ош мехӯрем. Аз ман доир ба ин муллоҳои ба сад гӯлах алов мондагӣ баъзе маълумотҳои обнарасидаро мегиред.
Ниҳоят омаду рафти меҳмонон ба поён расид. Хидматгорон аз рӯйи таомул назди муллоҳо нону рӯймолча гузоштанд, ки гиреҳбанди калон насиби Алимардон гашт. Баъди омин ҳама хестанд ва мошинсавор мерафтанд, ки ғайричашмдошт аз тирезаи мошини муллоҳо як сар карами сабз ба кӯча ғелид.
– Коса ба лаби кӯза расид, – бо завқ хандид Катанӣ, – аҷаб муллое, талабашро иҷро кунӣ ҳам, ношукрӣ мекунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: