Маркази замонавии ташхиси экологии воситаҳои нақлиёт ба кор даромад

  • Маркази замонавии ташхиси экологии воситаҳои нақлиёт ба кор даромад

Президент Шавкат Мирзиёев бо чорабиниҳое шинос гардид, ки барои беҳсозии вазъияти экологӣ ба амал татбиқ мегарданд.

Вақтҳои охир мушкилоти экологӣ, хусусан вазъияти ҳаво, боиси нигаронии ҷамъият гаштааст. Яке аз сабабҳои асосӣ газҳои зарарноке ба шумор мераванд, ки аз воситаҳои нақлиётие, ки ба талаботи экологӣ ҷавоб намедиҳанд, хориҷ мегардад. Инчунин тирбандӣ дар роҳҳо низ сабаби он мешавад. Бинобар ин бо ташаббуси роҳбари давлат чорабиниҳои маҷмӯъӣ дар заминаи беҳсозии вазъияти экологӣ андешида мешавад.

Аз он ҷумла, бо мақсади ҳалл мушкилоти экологӣ, ки бо партовҳои зарарноки нақлиёти автомобилӣ вобастагӣ дорад, шӯъбаи номнависиву озмоишии идораи бехатарии ҳаракати роҳи шаҳри Тошканд дар маҳаллаи Файзободи ноҳияи Мирободи пойтахт ба маркази замонавии ташхис табдил дода шуда буд, ки бинобар усули куллан нав кор мебарад.

Роҳбари давлат бо фаъолияти ин марказ шинос гардид.

Зимни ташкили кори марказ таҷрибаи пешқадами соҳа дар бобати ҳимояи муҳити зисти экологии шаҳрҳои мамлакатҳои мутараққӣ, мисли Олмон, Белгия, Фаронса ба инобат гирифта шуда буд.

Дар ин ҷо ҷараёни додани рақамҳои давлатӣ ва гувоҳномаи номнависи воситаҳои нақлиёт аз ҳар гуна монеаҳо ва дулобкории бюрократӣ озод карда шуда, омили инсонӣ дар ҳадди ақалл мебошад. Агар қаблан ҷараёни номнавис намудани воситаи нақлиёти автомобилӣ дар шаш-ҳафт марҳала анҷом дода мешуда бошад, ҳоло он то се марҳала кутоҳ карда шудааст.

Ҳоло муҳимаш дар марказ миқдори моддаҳои зарарноке, ки автомобилҳо хориҷ мекунанд, санҷида мешавад ва вобаста аз натиҷаи озмоиши экологӣ дар шишаи пеши мошин стикерҳои сурх, зард ва ё сабзи ранги чипи RFID часпонда мешаванд.

Дар оянда, бинобар вазъияти экологии ҷорӣ, ҳудуди шаҳр ба чандин минтақаи экологӣ тақсим карда мешавад. Маҳдуд намудани дохил шудан ба ин минтақаҳои экологӣ бинобар дараҷаи моддаҳои ифлоскунандае, ки воситаҳои нақлиёт хориҷ менамоянд, яъне бинобар ранги стикери онҳо пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон дастрасии воситаҳои нақлиёт ба минтақаҳои экологӣ, ки иҷозат надорад, дар режими автоматикунондашуда назорат карда мешавад. Ҷаримаҳое, ки барои вайрон кардани ин низом ба даст меоянд, барои таъмини молиявии чорабиниҳо дар бобати беҳсозии  вазъияти экологӣ равон карда мешавад.

Барои фаъолияти комили ин система дар тамоми мамлакат гузошта шудани қариб 100 истгоҳи автоматии мониторинги ҳаво ва муҷаҳҳаз намудани  84 маркази номнависиву ташхисӣ ва ҳамчунин 216 шӯъбаи ноҳиявии Хидмати бехатарии ҳаракати роҳ бо таҷҳизоти замонавии ташхис ба нақша гирифта шудааст.

Дар навбати худ чорабиниҳои амалӣ дар бобати рағбатнок сохтани хариди электромобилҳо аз ҷониби аҳолӣ, аз он ҷумла бо роҳи кам кардани ҳаҷми пардохт барои рақамҳои давлатӣ барои чунин тоифаи автомобилҳо андешида мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: