ТАЪЛИМИ ТИББӢ ДАР ОЛАМИ ВИРТУАЛӢ

Ба ҷараёни таълими Донишкадаи тиббии сиҳатии ҷамоаи Фарғона технологияҳои пешқадами ба воқеияти виртуалӣ асосёфта ҷорӣ гардид.

 Арзиши  лоиҳаи  “Таълими тиббӣ дар олами виртуалӣ” 300 миллион сӯм буда, аз ҳисоби маблағҳои  буҷаи маҳаллии вилоят маблағгузорӣ шудааст.
Лоиҳа барои донишҷӯёни  мактабҳои оливу омӯзишгоҳҳои тиббӣ ҷиҳати омӯхтани узви бадани инсон, ки ба воқеияти виртуалии 3D асос ёфтааст, пешбинӣ шудааст.
Бо кумаки лабораторияи виртуалӣ имконияти истифодаи таҷҳизотҳои наву замонавӣ  пайдо мешавад. Маблағҳое, ки барои ҷиҳозонидани лаборатория пешбинӣ шудааст,  сарфа карда мешавад.  Аз ҳама муҳимаш, барномаи бисёрзабонӣ  барои донишҷӯёни хориҷие, ки дар мамлакати мо таълим мегиранд, қулаиҳо фароҳам меоварад.   
Дар сурат: дар Донишкадаи тиббии сиҳатии ҷамоаи Фарғона.
Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: