ҶАВОНОН ТЕСТРО БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ СУПУРДАНД

Варзишгоҳи марказии “Истиқлол”-и ноҳияи Сӯх чанд рӯз намои хосу идона касб карда буд.

Варзишгоҳи марказии “Истиқлол”-и ноҳияи Сӯх чанд рӯз намои хосу идона касб карда буд. Дар ин ҷо бори нахуст хатмкунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ, коллеҷҳои касбу ҳунар ва литсейҳои академӣ имтиҳонҳои дохилшавиро ба забони модарӣ месупурданд. 
Маълум шуд, ки дар тестҳо 1 ҳазору 410 нафар даъвогар ширкат мекунанд. Онҳо ба 21 донишгоҳу донишкадаи ҷумҳурӣ ҳуҷҷат тақдим карда буданд. Ин донишгоҳҳо ва донишкадаҳо аз рӯи 43 ихтисос барои ноҳияи Сӯх кадрҳои малаканок тайёр хоҳанд кард.  
– Довталабоне, ки барои ихтисосҳои рассомӣ, мусиқӣ, намудҳои гуногуни соҳаи санъат, тарбияи ҷисмонӣ ва таълими ибтидоии ҳарбӣ ҳуҷҷат супурдаанд, аз имтиҳонҳои тест озод карда шуданд. 421 нафар ҷавонон танҳо аз рӯи ихтисоси интихоб кардаашон ба маркази вилоят ва шаҳрҳои дигар рафта, имтиҳонҳои амалиро дар он ҷо месупоранд,–  мегӯяд ноиби ҳокими ноҳияи Сӯх  Бобосодиқ Латифов.
Вай афзуд, ки мувофиқи супориши сарвари давлат Шавкат Мирзиёев бори нахуст барои 500 нафар ҷавонони ноҳия имкон дода шуд, ки тестро ба забони модарии худ супоранд ва ба донишгоҳҳову донишкадаҳо бо квотаи давлатӣ дохил шаванд. 
Ҳар як ҷавон талош намуд, ки аз чунин имконияти хуб фаровон истифода барад. Танҳо баъди эълони натиҷаҳо ва мандат маълум хоҳад шуд, ки бахт ба рӯи киҳо хандидаааст.
Теъдоди боқимондаи ҷавонон, ки  холҳои ба даст овардаашон ба тарзи шартномавӣ мувофиқ меояд, аз рӯи қарори комиссияи қабул бо пардохти ҳақи шартнома барои таҳсил дар мактабҳои олӣ фаро гирифта мешаванд. 
– Дар ин синну сол бори нахуст мебинам, ки барои ҷавонони ноҳияи Сӯх чунин имконият ва шароит фароҳам оварда шуд, – гуфт бо ифтихор Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Ғафурҷон Сангинов.
Интизор меравад, ки то 14 сентябр имтиҳонҳои тест натиҷагирӣ маълум хоҳад шуд, ки мувофиқи гранти давлатӣ ба мактабҳои олӣ дохил мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: