«7 СИТОРА» ОМАД

Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо рӯ ба пешравӣ мениҳад.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи соҳаҳо рӯ ба пешравӣ мениҳад.
Ба қарибӣ таҳиягарони шабакаи телевизионии “Ҳафт ситора”, ки яке аз даҳ канали телевизионии вилояти Суғд ба шумор меравад ва радиои “Садои Хуҷанд” меҳмони рӯзномаи “Овози тоҷик” гардиданд.
– Мо аз он хурсандем, ки баъди танаффуси тӯлонӣ бо дӯстони қадимаи худ боз ҳамкориро ба роҳ монда истодаем, – иброз намуд ҳангоми суҳбат ровии барномаи иттилоотии “Хабар” Шаҳноза Саидалиева. – Дар барномаи иттилоотии “Хабар” ахбори муҳими рӯз аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон пахш мегардад. Дар барномаи хайриявии “Дунёи меҳр” ва “Назаре ба зиндагӣ” бисёртар аз ҳаёти мардуми саховатпеша, меҳрубон ва инсонпарвар, ки ба оилаҳои камтаъмин, муҳтоҷ ва бепарастор кӯмак мерасонанд, ҳикоя карда мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки дар барномаҳо интихоби мавзӯъ маҳдудият надорад. Сафари эҷодии мо ба Ӯзбекистон, махсусан ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва барномаи телевизионии “Рангинкамон” бори аввал аст. Мехоҳем дар ин бора намоишҳои ҷолиб таҳия карда, пахш намоем. Умед дорем, ки чунин робитаҳои эҷодӣ идома хоҳанд ёфт.
Суҳбати ҷамоаи рӯзнома бо меҳмонони тоҷикистонӣ дар мавзӯъҳои мухталифи эҷодӣ хотирмон буд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.      
   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: