ХОТИР ХОҲӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ

очерк

Дуруст аст, ки ягон кас ба ихтиёри худ ба беморхона намеравад. Зеро дар он ҷо истироҳат намекунанд, балки дар макони шифо ба дардаш дармон меҷӯяд. Агар ёфт, ин боиси хурсандии на танҳо вай, балки аҳли оила, хешу пайвандонаш мегардад.
Нақли мо дар бораи роҳбари дилёбу дарёдили ин табобатгоҳи хусусии Самарқанд Азамат Васлиддинов аст.


САФАР КАРДАН –ҶАҲОН ДИДАН
Ба дӯстон одат шудааст, ки ҳар моҳ як маротиба бо баҳонаи «гаштак» ҷамъ омада, аз дидору суҳбати якдигар баҳра баранд.
– Нишаста бӯрё – раҳпаймо дарё, – гуфт Баҳодур, – ана Президентамон дару дарвозаҳоро кушоданд. Ба саёҳат бароем, роҳхат ҳаст. Бо нархи арзон тавассути баҳри Миёназамин якбора ба се кишвари ҷаҳон – Италия, Испания, Фаронса меравем.
– Ман розӣ, – гуфт Бобур. – Беҳуда пурдида – доно, нодида – нодон, – намегӯянд.
Азамат ҳангоми наҳор таклифи гаштакчиёнро ба волидайн ошкор сохт. Сарвари оила Аслиддинамак, ки худ ҷаҳонгашта буд, чанд лаҳза ба хаёл фурӯ рафту суоломез сӯйи ҳамсараш нигарист: мазмун–шумо чӣ мегӯед?
– Дадаҷонаш, писарамон мустақил, – дар лабони Шоистахола табассуми малеҳ дурахшиду ҷониби фарзанд дида дӯхт. Дӯстонаш касони росткору дилёб, ҷавонмардони садоқатманд. 
Таманнои ман: – Сафар бехатар бодо!
Шаш нафар гаштакчиён аз бандаргоҳи ҳавоии Тошканд рост ба сӯйи Аврупо бол кушоданд. Мурғи ҳавоӣ дар муддати кӯтоҳ мусофирони самарқандиро ба пойтахти Италия – шаҳри афсонавии Рим расонд. Дар халиҷи Неакол сайёҳонро киштии азиму зебое мисли мурғобии сафед, ки барои 6,5 ҳазор мусофир пешбинӣ шудааст, интизор буд. Табиати мӯътадил, иншооти қадима, мардуми меҳмоннавози кишвари дилфиреб диққати сайёҳонро ба худ кашид. Аммо ҳангоми сафар ба шаҳри Милан яке аз дӯстон  Зафар ба сабаби обу ҳаво ё бӯйи гулҳои рангоранг ба аллергия печид. Ӯро зуд ба шифохонае бурданд, ки бемористони оилавӣ будааст. Баҳодуру Бобур, ки забони англисиро медонистанд, шикояти дӯсти хастаи худро тарҷума карданд. Шифокорон ба бемор ёрии таъҷилӣ расониданд, мулоқоти дилнишин бу вуқӯъ пайваст. Азамат ба фаъолияти онҳо мароқ зоҳир карда, доир ба тиббу табобат бисёр чизҳоро пурсид. Беморхонаи хусусӣ тақрибан 50 кат, шаш нафар духтур, 14 нафар ҳамшираи тиббӣ, дорушинос, ошпаз, фаррош ва ҳатто ду нафар посбон доштааст. Хонаҳои ташхис, рентген, ҷарроҳӣ бо асбобу ускунаҳои замонавӣ таъмин буда, амалиётҳо сабт мешаванд, табибон тавассути онҳо маслиҳату машварат мекарданд. Пардохти хизмат баланд, аммо арзанда аст. Чеҳраи кушод, суҳбати самимӣ, ғамхории духтуру хизматчиён самарқандиёнро ба ҳайрат гузошт.
Чун мизбонон фаҳмиданд, ки бемор ҳамдиёри табиби табибони дунё Ибни Синост, ҳаққи хизмат ҳам нагирифтанд.
– Аллома Ибни Сино холисона, барои савоб табобат карданро тавсия кардааст, – шӯхиомез гуфт мудири шифохона Жан-Жак Флобер. – Агар ба Самарқанд равем, барои мо ташкил кардани зиёрати маҷмӯи Регистон ва расадхонаи Мирзо Улғбек кифоя аст.
– Ин тавр бошад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Зафар, –  тайёр кардани таоми машҳури мо – палави самарқандӣ аз ман.
Ана ин гапи дигар, – меҳмонону мизбонон самимона дасти якдигарро фишурданд.
Сипас сайёҳони самарқандӣ ғайр аз Рим, Сисилия, Турин ва дигар шаҳрҳои Италия ба Фаронса рафтанд, ки воқеан давлати ривоҷёфта ва ҷаннати рӯйи замин будааст. Киштӣ дар соҳили баҳри Миёназамин – шаҳри Нитса қарор гирифт. Азамат Фаронсаро аз рӯйи асарҳои Александр Дюма, Гюстав Флобер, Антуан Сент-Экзюперӣ, Оноре де Балзак, Жюл Верн, Анатол Франс ва дигарон мешинохт.
Аммо ростӣ, аз сад бор шунидан як маротиба дидан беҳтар будааст. Дар ин мамлакат токпарварӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, гулпарварӣ ривоҷ ёфта, маҳсулотро  тавассути бандарҳои Марсел, Гавр, Руан ва ғайра ба кишварҳои хориҷӣ ирсол мекунанд.
Киштӣ дар ҳар як бандаргоҳ 5-6 соат таваққуф мекарду мусофирон шаҳру ноҳияҳои атрофро пойи пиёда тамошо мекарданд. Ҷӯраҳои самарқандӣ дар шаҳри Руан қариб 3-4 километр раҳ рафта, бо атроф шинос мешуданд, баногоҳ диданд, ки чархи нақлиёти сабукрави ду нафар фаронсавиён сӯрох шудаасту онҳо чӣ кор карданашонро намедонанд. Азамат зуд дар кори иваз кардани чарх кӯмак расонд. Мизбонони сипосгузор аз кӯмаки беғараз хурсанд шуда, меҳмононро то бандаргоҳ оварданд. Испания дар нимҷазираи Пиреней воқеъ буда, иқлимаш муътадил аст. Сайёҳон бештар ба тасвирҳои рӯисангии палеолитӣ, меъмории давраи истилои римиён таваҷҷӯҳ мекунанд. Баъди ба бандари Барселона лангар партофтани киштии мусофиркашон сайёҳон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, тавассути автобусҳо, ё ки пиёда ба сайру гашт баромаданд. Самарқандиён тамошои шаҳрро автобуссавор афзал донистанд. Аммо боз як воқеаи аҷиб рух дод. Автобус ба бандаргоҳ расиду дар истгоҳи тарафи рост таваққуф кард. Сайёҳон гумон доштанд, ки нақлиёт баъди даврзании майдони бандаргоҳ дар тарафи рост низ истода мегузарад, вале ин тавр нашуд. Автобус якбора ба дигар самт ҳаракат кард. Меҳмонон ба ронанда бо имову ишора фаҳмониданд, ки онҳо бояд фароянд, аммо вай бепарво бо ҳамон хатсайри худ мерафт. Автобус тақрибан 15-20 километр роҳро тай намуда, таваққуф кард, ки истгоҳи охирин будааст. 
Бар «болои сӯхта намакоб» гуфтагӣ барин ронанда такягоҳи курсиро фароварда ба рӯзномахонӣ пардохт. Самарқандиёни ҳайратзада ба соату чиптаи киштӣ ишорат карданд, лекин ронанда парво надошт. Меҳмонон маҷбур шуданд, ки таксӣ киро карда ба бандаргоҳ баргарданд. Беш аз 6,5 ҳазор сайёҳ интизори меҳмонони раҳгумзада буданд.
Баъди дар киштӣ ҷой гирифтан Зафар гуфт: ронандагони мо хеле меҳрубон будаанд, мусофир метавонад автобусро дар ҷойи дилхоҳ нигоҳ дорад.

МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, ИЛМИ ПАДАР ОМӮЗ
Азамат ҳангоми таҳсил дар мактаби рақами 17-уми зодгоҳаш аллакай дар дорухона дастёри падар буд. Баъзан қиблагоҳаш Аслиддинамак то дастури (ресепт) духтурро, ки аксар бо ҳусни хати норавшану нофаҳмо навишта мешуд, доруи заруриро ёфта меомад ва болои пештахта мегузошт. 
– О, ин писарча – балоча-ку!, – ситоиш карданд харидорон. – Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро, – мегуфт Аслиддинака хушҳолона. Хурсанд буд, ки вориси муносиб дорад. Воқеан, Азамат пас аз гирифтани номаи камол ният дошт, ки ба ягона донишкадаи дорушиносии  Тошканд ҳуҷҷат супорад. Вале ҳамсабақи падари бузургвораш Баҳодурҷон Ҷумъабоев, ки  аз шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба меҳмонӣ омада буд, маслиҳат дод, ки дар ҷумҳурии онҳо барои қабули довталабони хориҷӣ имтиёзҳо бисёранд. Аҳли оила таклифи меҳмонро қабул карданд. Модараш–корманди собиқи рӯзномаи «Овози Самарқанд» Шоиста Аббосова гуфт:
То ҷавонию тандурустӣ ҳаст,
Ояд асбоби ҳар мурод ба даст.
– Ман ҳам панҷ сол дар Тошканд таҳсил гирифтагӣ, – фикри ҳамсарашро қувват дод Аслиддинамак.
– Ҷиян дар паноҳи ман мешавад, – таъкид кард Баҳодурҷон Ҷумъабоев. – Сониян, Чимкент дар шафати Тошканд. Рӯзи шанбе омада, душанбе баргаштан мумкин.
Ҳозирон суолмез сӯйи довталаб нигаристанд. Азамат якбора ҷавоб надода аз меҳмон пурсид, ки оё мумкин аст як-ду нафар ҳамсинфашро низ ҳамроҳ гирад.
– Албатта, мумкин, – ҷавоб дод ӯ. – Қазоқистон кишвари бепоён, тамоми хатмкунандагони Самарқанд раванд ҳам, имконияти таҳсил ҳаст.
Чанд рӯзи бедорхобӣ барои тайёрӣ ба имтиҳонҳо фоида доду ӯ номи донишҷӯйи факултаи дорушиносии Донишкадаи тиббиёти Алмааторо гирифт.
Шаҳри Алмаато дар нишебии шимоли қаторкӯҳҳои Алатов, дар баландии 650-900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз он дарёча убур мекунад ва ҳаворо муътадил нигоҳ медорад. Азамат аз кӯчаҳои росту зебо, ки дар онҳо дарахтони сояафкани санавбар, арча, чинор, сада қад афрохта буданд, бо фароғат роҳ рафта, ба иншоотҳои хушсохту замонавӣ бо ҳавас менигарист.Чанд рӯзи бедорхобӣ барои тайёрӣ ба имтиҳонҳо фоида доду ӯ номи донишҷӯйи факултаи дорушиносии Донишкадаи тиббиёти Алмааторо гирифт.
Шаҳри Алмаато дар нишебии шимоли қаторкӯҳҳои Алатов, дар баландии 650-900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз он дарёча убур мекунад ва ҳаворо муътадил нигоҳ медорад. Азамат аз кӯчаҳои росту зебо, ки дар онҳо дарахтони сояафкани санавбар, арча, чинор, сада қад афрохта буданд, бо фароғат роҳ рафта, ба иншоотҳои хушсохту замонавӣ бо ҳавас менигарист.
Меҳмонхонаи осмонбӯси “Қазоқистон”, бинои Театри опера ва балети ба номи Абай, қасри ҳукумат зебо буданд, алалхусус маҷмӯи варзишии “Медео”, ки дар он мусобиқаҳои байналхалқӣ барпо мегардиданд, ба ҷойи дӯстдоштаи донишҷӯйи самарқандӣ табдил ёфт. Соҳилҳои дарёи Илӣ, ки обашро ба баҳри Балхаш мерезад, барои сайру гашт, оббозӣ ва моҳидорӣ айни муддао буданд. 

БИОМӮЗ ҲАРЧАНД ДУШВОР АСТ
Азамат баъди номи донишҷӯиро гирифтан ба Самарқанд омад. Хурсандии волидайн, хешу пайвандон интиҳо надошт. 
Баъди фосилае фурсати сафар расид.
– Ҷони оча, ту бояд ҳамеша дар ёд дорӣ, ки зиндагӣ саросар омӯзиш аст, – ба ҷомадон сару либосҳои тару тозаи писарро гузошта насиҳат мекард Шоистахола. – Дар ёд дор: “Бо ҳавои дил макун зинҳор кор, то наёрад пас пушаймонӣ ба бор”. Камоли одамӣ дар илм аст, пайваста хону дониш гир. 
– Албатта, ба маслиҳатҳои шумо амал мекунам, – қатъӣ ваъда дод писар, – муаммо шавад, занг мезанам.
– Мо дуогӯи туем, – фарзандро самимона ба оғӯш кашид модар, – сиҳҳат рафта, саломат биё!
Падар ӯро бо сабукрав ба тайёрагоҳи Тошканд оварда, таъкид кард, ки ба маслиҳатҳои дӯсташ Баҳодурҷон Ҷумъабоев гӯш диҳад.
Хушбахтона, дар Алмаато чанд нафар донишҷӯён аз Самарқанду Тошканд буданд, ки ба якдигар такягоҳ шуданд. Азамат донишҷӯйи соли дуюм буд, дар шаҳри Чимкент Академияи тиббии Қазоқистон ташкил ёфт. Вакилони ӯзбекистонӣ ба донишкадаи нав гузаштанд, зеро омаду рафт ба зодгоҳ қулай ва осон буд.
Азамат саргарми таҳсил нафаҳмид, ки чи хел вақт бо шиддат гузашт ва лаҳзаҳои фараҳбахши дипломгирӣ фаро расид.
Вай сарбаландона ба Ватан баргашт ва дар дорухонаи хусусии қиблагоҳ ба кор шурӯъ кард.

ЗАН – ОБОДИИ ХОНА
Аҳли оила барои таҷлили зодрӯзи Азамат ҷамъ омаданд. Модараш Шоиста Аббосова ош пухт. Мавҷи табрикҳо авҷ гирифт. Кадоме аз ҳозирон ба соҳибҷашн бахту саодат, яъне арӯси нозанин хост. Хоҳари калонӣ – Дилрабо шаф-шаф нагуфта, якбора шафтолуи гапро гуфт:
– Укаҷон, дугонаам Ҳилола як хоҳари зебо дорад. Исмаш ба ҷисмаш монанд – Нурҷаҳон! 
Ва номаълумакак сӯйи модар чашмак зад.
– Шумо дегу табақро ба келин месупоред.
– Модарат ҳатто писарашро ҳам ба ӯ мебахшад, – завқ карда хандид сарвари оила, – фақат аз чою нони мо бохабар шавад, дуо гирад. Сонӣ Худо набераҳо диҳад, мо пиру кампир барои номҷӯӣ китобҳоро варақ занем...
Ҳазлу шӯхӣ ба муҳокимаи масъалаи ҷиддии оилавӣ табдил ёфт. Бо талабу дархости хоҳарон қарор шуд, ки зуд ҳайати хостгорон тартиб дода ва муҳими хайр пеш гирифта шавад.
Ҳамин тариқ аз байн фурсате нагузашта, ақди никоҳи Азамату Нурҷаҳон ба вуқӯъ пайваст. Ва Парвардигори меҳрубон паси ҳам ба бобоҷону бибиҷон чор набераи яке аз дигаре ширинро дод. Рост гуфтаанд, ки: зани хубу фармонбару порсо, кунад марди дарвешро подшо. Бо гузашти айём Азамат “подшоҳ”-и қасри табобат гардид.

ДАРМОНГОҲИ ҲАМА ДАРДҲОСТ
Ҳоло асосгузори клиника Аслиддин Васлиддинов ба вориси муносиби худ Азаматҷон маслиҳатгару мушовир аст. Писар бошад, ба панди пири доно амал мекунад. Баъзан Азамат ба давлатҳои пешқадам чун Русия, Туркия, Хитой, Олмон, Куриё, Англия, Фаронса ва ғайра сафар карда, аз комёбиҳои соҳибкорон баҳраманд мегардад.   
– Дар замони мо ҳамаи пешаҳо хубанд ва ба манфиати инсонанд, – мегӯяд Азамат Аслиддинович, – аммо фикр мекунам, натиҷаи меҳнати ягон касб чун фаъолияти табиб назаррас нест.  Дар куҷое хонда будам, донишманде навиштааст: “Ҳеҷ чиз ин қадар боиси хушҳолию қаноатмандӣ нест чун барқарор кардани саломатии инсон ва ба ӯ умри дубора бахшидан. Зеро беҳтарин неъмати рӯйи замин саломатии инсон аст. Пешаи табобат бошад, одоби муошират, самимият, мурувват, накӯкорӣ, фидокорӣ кардан ва ҳамеша масъулиятшинос буданро тақозо мекунад”.
Дар айни суҳбати мо нобаҳангом ҳамшираи шафқат узрхоҳона ворид шуду гуфт, ки аз ноҳияи дурдаст ҷавонзани ҳомиларо овардаанд.
– Хотир хоҳӣ, дилеро дарёб, гуфтаанд, – завқ кард Азамат, – зуд кӯмак расонед, сонӣ, масъалаи талабаи коллеҷ чӣ шуд?
– Ба вай ҳам ройгон ёрии аввалин расонидем, – хабар дод ҳамшира. – Ҳам худаш ва ҳам муаллимаш ба шумо миннатдорӣ изҳор карданд.
“Писари додош-дия” – аз дил гузаронидам ман. Боре бегоҳӣ аз дорухонаи Аслиддинамак савдо мекардам, ки шахсе саросема омаду шиносномаашро рӯйи пештахта гузошта илтимос кард, ки ҳозир ҳамсарашро ҷарроҳӣ мекунанду чанд хел дору зарур аст, вале айни ҳол барои харидан маблағ надорад. Аслиддинамак шиносномаро нагирифта, баъди шифо ёфтани ҳамсаратон маблағро медиҳед гуфт. Хурсандии мардак интиҳо надошт...
– Фарзандон чӣ кораанд, – пурсидам  ҷараёни суҳбатро тағйир дода.
– Писари калонӣ – Шоҳҷаҳон ҳуқуқшинос, Афзалшоҳ дар Донишкадаи байналхалқии Бритиш менеҷменти Тошканд таҳсил мегирад. Абдувоҳид хонандаи мактаб, Гулҷаҳон ба боғчаи кӯдакон меравад. Набераҳо ҳам ба воя мерасанд.
– Хеле нағз, чӣ нақшаҳо доред? 
– Дар Тошканд низ клиника мекушоем ва дар Самарқанд ният дорем таваллудхона созем.
– Маблағ аз куҷо?
– Сипосгузорам аз сарвари давлатамон, ки ба тадбиркорон ғамхору меҳрубонанд, – иброз дошт Азамат Аслиддинович, – масалан барои сохтмони табобатгоҳ  700 ҳазор доллар кредитро аз “Асакабанк” гирифта будем ва ҳоло қарзро қариб пардохтем. Мақсади мо сиҳҳатгоҳ сохтану ба халқ хизмат кардан аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: