ТУҲФАИ АРЗИШМАНДИ САФИР

Маросими супурдани туҳфаҳои Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ба мактаби рақами 57-уми ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё ба таври мутантан баргузор гардид.

Ин иқдом дар ҳамовозӣ ба мақолаи «Моро кӣ бо китоб таъмин мекунад?» (Б. Чоршанбиев, «Овози тоҷик», 19 декабри соли 2023) ба амал омад. Муаллиф дар мақолаи мазкур аз набудани китобҳои бадеии тоҷикӣ дар мактабҳои таълимашон тоҷикии мактабҳои ноҳия сухан ба миён гузошта, диққати ташкилотҳои мутасаддӣ, аҳли ҷомеа ва шахсони алоҳидаро ба ҳалли ин мушкилот ҷалб сохта буд. 
Дар нитиҷа Абдуҷаббор Раҳмонзода як даста китобҳои бадеиву илмиро, ки ба забони тоҷикӣ чоп шудаанд, ба мактаби номбурда ҳамчун туҳфа фиристод. Таҳририяти рӯзномаи «Овози тоҷик» низ дар ин кори хайр саҳм гирифт.
Дар маросими супурдани китобҳои бадеии тоҷикӣ устодони ин дабистон, аз ҷумла,  директори мактаб Абдуваҳҳоб Бердиев, ҷонишини директор оид ба корҳои маънавӣ ва маърифатӣ Баҳодур Раҳимов, равоншиноси ин даргоҳи илм Фарҳод Набиев, раиси кумитаи падар ва модарон Толибҷон Нурқаев, мудири китобхона Шавкат Ҳайдаров ва як гурӯҳ хонандагони китобдӯсти мактаб ширкат доштанд.  Хонандагон ва ҷамоаи омӯзгорони мактаби рақами 57 аз чунин тӯҳфаи бебаҳо изҳори хушнудӣ намуданд ва ин армуғонро ҳамчун рамзи дӯстии ду кишвари ҳамҷавор қабул карданд. 
Директори мактаб Абдуваҳҳоб Бердиев гуфт, ки китобхонаи мактаб ба китобҳои бадеии тоҷикӣ ниёзманд аст ва умедворем тӯҳфаҳои сафири Тоҷикистон ва аҳли қалами «Овози тоҷик» ин талаби китобдӯстони деҳаи Сарчашмаро то ҳадде қонеъ мегардонад. 
Тасмим гирифта шуд, ки ба сифати нишони эҳтиром ва пояндагии дӯстии давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар як гӯшаи махсуси китобхонаи дабистон туҳфаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон нигоҳдорӣ шавад. 

Баҳром ЧОРШАНБИЕВ, сокини деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: