Парвози ҳавопаймои FZ1942-и ширкати ҳавопаймоии арабии FlyDubai (Тошканд - Дубай), ки парвози нақшавӣ ба вақти Тошканд соати 04:00 пешбинӣ шуда буд, бинобар сабабҳои техникӣ 24 соат ба таъхир гузошта шуд.
Бино ба иттилои хидмати матбуоти ширкати “Uzbekistan Airports”, ҳамаи мусофирони ин парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоӣ бо меҳмонхона ва интиқол аз фурудгоҳ ба маҳалли будубоши муваққатӣ таъмин карда шуданд.
Пешакӣ парвози FZ1942 ба соати 04:30 1 феврали соли 2024 ба вақти Тошканд иваз карда шуд.
Маълумоти муфассал дар бораи тағйирот ба ҷадвали парвоз бояд аз ширкати ҳавопаймоӣ мушаххас карда шавад. Маълумот дар бораи ҳолати парвоз инчунин дар замимаи мобилӣ ва вебсайти расмии Uzbekistan Airports дастрас аст.