НАМОЯНДАИ ӮЗБЕКИСТОН БА ҚАТОРИ 100 ЗАН-МЕЪМОРИ ҶАҲОН ДОХИЛ ШУД

Дар китоб оид ба 100 нафар бонувон-меъморони ҷаҳон, ки дар Донишкадаи меъморони шоҳигарии Британиё (RIBA) чоп шудааст, намояндаи Ӯзбекистон Таҳмина Турдиалиева низ ҳаст.

Муаррифии расмии китоби «100 women architects in practice» 23 январи соли равон дар Лондон баргузор мешавад. Дар нашрия аз хусуси саҳми занон дар меъморӣ сухан меравад, дар бораи фаъолияти ғанӣ, аҷиб ва гуногунранги онҳо маълумот дода мешавад. 
Дар нашрия метавон бо лоиҳаҳои Таҳмина Турдиалиева, аз ҷумла бинои маъмурии Оҷонсии аксуламал ба тамаъгарӣ дар кӯчаи Шота Руставелӣ ва тарроҳии бӯстонсаро дар Маркази санъати замонавӣ шинос шуд.
Таҳмина Турдиалиева хатмкардаи Донишкадаи меъмориву сохтмони Тошканд ва Донишгоҳи илму технологияи Хуачжун дар Чин ба шумор меравад. Вай лауреати озмунҳои меъмории байналхалқии Better Together Challenge соли 2019 (Ҷумҳурии Куриё), Turkistan Architect Awards  (Қазоқистон) аст. Дар Чин ва Италиё ифои вазифа дошт, алҳол роҳбари студияи хусусии меъморӣ TT Design Lab дар Тошканд мебошад.  

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: