«БА ҚАДРИ ҲАЁТИ ОСОИШТА РАСЕД»

Халқи мо аз азал гузаштагони худро ба некӣ ёд мекунад, бо корнамоиву қаҳрамониҳои онон фахр дорад.

«БА ҚАДРИ ҲАЁТИ ОСОИШТА РАСЕД»
— мегӯяд иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳони сокини деҳаи Нанай Абдураҳим Зиётов

Халқи мо аз азал гузаштагони худро ба некӣ ёд мекунад, бо корнамоиву қаҳрамониҳои онон фахр  дорад. Бинобар ин, анъанаи бузургдошти инсон имрӯз ҳам давом дорад.
Ба ин хотир, ба муносибати  9 май – Рӯзи хотира ва қадр  зери шиори “Эътибор ва ғамхорӣ – фазилати инсонист” ба хонадони бобои Абдураҳим Зиётов, ки сокини деҳаи Нанайи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд мебошад, як гурӯҳ меҳмонон ташриф оварданд. Дар қатори меҳмонон ҳокими ноҳияи Бӯстонлиқ  Ҷ.Аҳмедов, ҷонишини ҳокими ноҳия З.Ҳидоятов, роҳбарони сектор, қисми мудофиа, хидматчиёни қисми ҳарбӣ, хонандагон ва муаллимони мактаби рақами 44-уми деҳаи Нанай низ иштирок доштанд. Дар давоми чорабинӣ мусиқии форам ва рақсҳои дилнишин дар иҷрои хонандагони мактаб табъи ҳозиринро болида гардонд.
Аз ҷониби ҳокими ноҳия табрики Президент ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр ва 76-солагии Ғалаба хонда шуд. Баъд мувофиқи фармони раҳбари давлат ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Абдураҳим Зиётов 12 миллион сӯм  мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои қиматбаҳо ботантана супорида шуд.  Ба сари синаи меҳмонон аз тарафи хонандагони мактаб лентаҳои шараф насб карда шуд.                                                                                                                                      
Чунин эътибор ба кӯҳансолон, собиқадорони ҷанги ҷаҳонӣ, бешубҳа, ба умри онҳо умр зам мекунад, гӯем  ҳам, хато нахоҳад шуд.                                                                                                   
Дар рафти суҳбат мӯйсафед  дуои ҷони фарзандонаш, аз ҷумла, аҳли деҳ ва раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Шодмон Тошпӯлотовро мекунад, ки доимо ҳолпурсӣ карда меистад. Ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид медиҳад ва мегӯяд, ки ба қадри чунин замонаи тинҷу осоишта бирасанд, илм омӯзанд, ҳунар ёд гиранд. Бобо дар охири суҳбат ба сарвари давлатамон миннатдории худро изҳор намуд.

Ирода ЭРМАТОВА,
муаллимаи мактаби миёнаи рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқ.

 

 

ОНҲО ИФТИХОРИ МОЯНД
Хотира азиз — қадр муқаддас. Воқеан, дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо бештар аён мегардад. Рӯзи хотира ва қадршиносӣ ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ қарор дорад. Бо гузашти солҳо мо, ҷавонон маънии ин калимотро дарк мекунем. 
Хотира ва корнамоиҳои падару бобоёни худро ба хурдсолон нақл карда, рӯҳашонро шод мегардонем.Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакати офтобрӯяамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва ёдбуд доир ба 9-май – Рӯзи Ғалаба, хотира ва қадршиносӣ васеъ таҷлил мегарданд. Дар мактаби мо низ чунин чорабинии фарҳангӣ ва хотиравӣ таҳти мавзӯи “Хотира азиз — қадр муқаддас” баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ оиди корнамоии иштирокчиёни ҷанги деҳаамон Сафар Ҳоҷиев, Абдурасул Абдуллоев, Ҷурабой Шодиев, Тошмаҳмад Боқиев, Тоҳир Собиров, Маҳмадраҷаб Наврӯзов, Наврӯзмаҳмад Наврӯзов, Ниёзмаҳмад Миров, Амин Абдуллоев, Обид Қурбонов, Давлат Одинаев, Шоҳ Одинаев ва дигарон ба хонандагони мактаб маълумот пешниҳод гардид. Бояд гуфт, ки ҳарчанд мо ҷавонони имрӯза ҷанговарони деҳаро надидаем, вале  аз падару модарони худ дар бораи онҳо шунидаем ва имрӯз ба аксҳояшон нигоҳ карда аҳсант мехонем. 
Дар чорабинӣ директори мактаб М.Рабиев ва омӯзгори фанни таърих Ҳ.Ҳоҷиев оиди Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  Рӯзи хотира ва қадршиносӣ  ба хонандагони мактаб маълумоти муфассал доданд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва меҳанпарастии чунин бобоёни қаҳрамони халқи сермиллати кишварамон буд, ки имрӯз мо хонандагон-ҷавонони Ӯзбекистон дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ба сар мебарем. Хотираи онҳо ҳамеша дар қалби мо боқӣ мемонад. 

Замира ҚОСИМОВА,
хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯка.
Вилояти Тошканд.

 

КОРНОМАҲОИ ҶАНГОВАРОН ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД
Қариб сеяки аҳолии Ӯзбекистон ба ҷанг рафт. Шумораи зиёди онҳо барнагаштанд. Як қисм ҷанговарони ӯзбекистонӣ дар набардҳои хунин ҳалок шуданд, қисми дигар захм бардоштанд. Боз бесаробону бепарастормондагон-чӣ? Бешумор. Кишвари мо бо маънои том ба ин қабил одамон манзили зист гардид. Аз ин сарзамин паноҳ ёфтанд. Аз ин рӯ, «Тошканд – шаҳри нон», «Ӯзбекистон – мамлакати меҳр» ном гирифт.
Дар маърӯзаи Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр ҳамин нуктаҳо зикр ёфт. Мо матонати Шуморо асло фаромӯш намекунем, – гуфт Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев.
Назар ба маълумотҳо  аз  ҳудуди ҳозираи вилояти  Ҷиззах қариб чил ҳазор нафар дар ҷанг иштирок намудааст. Ҳоло шумораи иштирокчиёни ақибгоҳи фронт 525 нафар мебошад.
Ҳокими вилоят Эргаш Солиев ва ҳокимони шаҳру навоҳӣ аз ҳоли иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (онҳо ҳамагӣ 17 нафаранд) хабар гирифтанд ва табрикномаву мукофоти пулии дувоздаҳ миллион сӯминаи Президентро бо тантана супурданд.
Сокини ноҳияи Шароф Рашидов  иштирокчии ҷанг Мамашариф Содиқов, Абдуҷалил Абдуҷабборов (аз шаҳри Ҷиззах), истиқоматкунандаи қишлоқи Пешоғари ноҳияи Зомин Пирназар Аҳмедовҳо садсолаанд. Онҳо зимни туҳфаҳоро гирифтан ба роҳбари давлат миннатдорӣ изҳор намуданд. Ҳар яки онҳо даст ба дуо бардошта, ба ин диёри зебо ва сарвари оқилу донои он осудагӣ ва барори кор талабиданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: