Духтарони азиз!
Шумо зебу зинати падару модар, бародару хоҳар ва аҳли оилаи хеш мебошед. Ҷамъият низ бо шумо зебост. Зебоии шахсии шумо бошад шарму ҳаё, иффат, садоқат, маҳорати рӯзгордорӣ, пазандагӣ, кордонӣ, сарфакорӣ, баркамолии маънавию ахлоқии шумост. Ҳаминро донед, ки духтарбача муъҷизаи ягона ва нотакрори офаридашудаи Аллоҳ аст. Танҳо зан қодир аст фарзанд ба дунё оварда ва давомнокии наслҳоро таъмин созад.
“Духтар оҷиза аст” мегӯянд дар урфият халқ. Агар он оҷиз, камқувват ва заиф аст, аз ҷиҳати ҷисмонӣ асту халос. Аммо ман ба сифати зан, модар ва модаркалон ҳаминро мегӯям, ки оҷизии духтар нисбӣ буда, вай аз ҷиҳати рӯҳию маънавӣ мавҷуди қудратнок мебошад.
Беҳуда намегӯянд, ки “зан чиҳил ҷон дорад”. Ҳаминро нағз дар хотир доред, ки зан мисли мард аз таълиму тарбия баҳраманд мешавад, соҳиби ягон касбу ҳунар мегардад, дар баробари иҷрои кор фарзанд ба дунё меорад, ба тарбияи фарзандон низ асосан бонувон машғул мешаванд. Қариб тамоми корҳои рӯзгор – ба зиммаи зан.
Дар ин гуна вазъиятҳои мушкил кадбону бояд тавре кор барад, ки ба қавле “на сих сӯзаду на кабоб”. Дар вазъи ба сари хонадон афтодани рӯзи мушкил танҳо матонат, кордонӣ, мулоҳиза ва бурдбории зани оқила ва отифа кор доданаш мумкин. Ҳамин ҷиҳатҳоро ба назари эътибор гирем, тавре ба назар менамояд дар оиладорӣ ва таъмини муҳити солими хонадон зан назар ба мард қудратноктар мебошад.
Мегӯянд, тарбияи духтар нисбати писар мушкилтар, масъулиятталабтар аст, ки ин шояд беасос не.
Тарбияи духтар дар рӯзҳои мо, метавон гуфт, ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Президент Шавкат Мирзиёев дар яке аз баромадҳои худ алоҳида таъкид сохт, ки “хусусан, нигоҳ доштани саломатии духтар, бо илму дониш ва дараҷаҳои касбӣ фаро гирифтани ӯ аҳамияти муҳим касб менамояд, барои ин лозим аст масъулият ва ҷавобгарии падару модарон, аҳли ҷомеа, роҳбарони мутасаддиро боз ҳам пурзӯртар намоем, зеро духтарбача – кадбонуи оянда, чароғи рӯзгори мост, имрӯз ба он мо чӣ тавр таълиму тарбия диҳем, фардо вай ба авлоди нави мо ҳамин тавр таълиму тарбия медиҳад...”
Духтарҳое, ки панди бузургон, насиҳатҳои падару модарро дар гӯш ҳалқа карда, ба онҳо амал менамоянд, ҳеч вақт кам намешаванд. Дар роҳҳои пасту баланди рӯзгор пешпо намехӯранд. Ба зинат ва зебоии ҳаёти мо меафзоянд.
ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР СИННИ БАЛОҒАТ –
БАРПО КАРДАНИ ОИЛА
Фарзандони азизи ман! Ҳаёт бе оила ба чӯли беобу гиёҳ монанд. Шахс дар оила ба дунё меояд, тарбия мегирад, дар ҳаёти иҷтимоӣ мавқеи худро пайдо менамояд. Мавҷудияти ҷамъияти калон, дараҷаи рушди иқтисодию маънавӣ, фаровонии зиндагӣ ба мустаҳкамии хонадонҳо вобастагии қавӣ дорад.
Шумо дар остонаи балоғат ва арафаи барпо кардани оила қарор доред. Мақсади асосиатон – дониш андӯхтан, ба ягон касб соҳиб шудан, оила сохтан ва дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намудан. Модоме дар бораи оила фикр мекунед, аввало, чӣ будани моҳияти оиладориро хуб фаҳмед.
Инро донед, ки оила як ҷузъи ҷудонопазири ҷамъият аст. Мисле ҷамъият қонун ва қоидаҳои худро молик аст, ҳар як оила низ қонун ва қоидаҳои ба худ хосро молик мебошад.
Шумо аввал ба дониш дар бораи оила ва идоракунии он соҳиб шавед. Аз нуқтаи назари илмӣ нигарем, оила воҳиди иҷтимоии дар асоси робитаву муносибатҳои табиӣ, биологӣ ва физиологии инсонҳо барпошуда мебошад. Масъалаҳои моддию иқтисодӣ, ҳуқуқию қонунӣ, маънавию ахлоқӣ низ дар он чизи муҳим.
Ба дунё овардани фарзандҳо ва тарбияи онҳо масъалаҳои табиӣ-биологӣ-физиологӣ бошанд, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ – таъмини моддии рӯзгор ва идоракунии хонадон аст. Муносибатҳои маънавӣ, айни замон, дар оиладорӣ басо муҳим, ки он – покиву ҳалолкорӣ, меҳру муҳаббат байни аъзои оила, ҳурмат ва иҷрои вазифаҳо мебошад.
Шумо, ки ояндаи наздик оила барпо карданиед, бояд аз ҳадиси оиладорӣ бархурдор, аз асрори фаровонию осудагӣ, таъмини бахту саодати хонаводагӣ огоҳ ва ба ҳаёти мустақилона ҳарҷониба омода бошед.
ПИСАРОН, БАРПОИ ОИЛАРО АЗ ЧӢ БОЯД САР КАРД?
Оила қалъаи мустаҳкамест, ки инсонҳоро муттаҳид мегардонад. Ба ин қалъа аз меҳру муҳаббати тарафайн, оқибат, умед ва боварӣ ба ояндаи авлод пойдевор гузошта мешавад. Хиёнат ба ин қалъа, бо хиёнат намудан ба ҷамъият баробар аст.
Барпо сохтани қалъаи мустаҳкам аз чӣ оғоз меёбад?
Албатта, аз дарёфти ҷуфти ҳаёти муносиб! Шумо, писарҳоям, дар интихоби ҳамсар ба хато роҳ надиҳед.
Дар асоси меҳру муҳаббати тарафайн барпо намудани оила ҷидду ҷаҳд намоед. Аз хотир набароред, ки шумо ҳамсарро барои тамоми умр интихоб мекунед. Умед кунед то нафасҳои охирини умр бо вай зиндагӣ намоед.
Агар ҷаҳонбинӣ, савияи донишу таҷриба, муносибататон ба ҷамъият ва табиат, мақсад ва маслакҳои дуи шумо ба ҳам мувофиқу ҳамоҳанганд, дар ҷамъияти оилапарвар мавқеъ ёфта, ҳаёти хушбахтона мегузаронед.
Яке аз қоидаҳои нонавиштаи ҳаёт ҳамин: муносибии духтар ва писар аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ ба барқарории оила ва ба дунё омадани фарзандони солим кафолат мебошад.
Ҳаминро фаромӯш насозед, ки ҳаёт ҳеч вақт бо як маром пеш намеравад. Он аз рӯзҳои нек ва бад, сояравшаниҳо иборат. Интихобкардаи шумо бояд ба ҳар гуна санҷиши ҳаёт тоб оварад. Дар роҳҳои ноҳамвори умр паҳлуятон қадам занад.
Шумо, дар навбати аввал, ба оила ва сулолаи дӯстдоштаатон эътибор диҳед, дар бораи баромади иҷтимоии ӯ маълумот пайдо кунед. Фаромӯш накунед, ки духтар аз бисёр ҷиҳат қабл аз ҳама ба модараш монанд мешавад. Бинобар ин мегӯянд: “Модарашро бину духтарашро гир”.
Ойнисо МУСУЛМОНОВА,
ш. ТОШКАНД.