8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нишасти шонздаҳуми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор мешавад.
Интизор меравад, дар ин чорабинӣ сарони давлату ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат кунанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва башардӯстона дар чаҳорчӯби СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Дар чаҳорчӯби барномаи ин ҳамоиш, раҳбари Ӯзбекистон як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 бо котиботи доимӣ дар шаҳри Теҳрон таъсис ёфтааст.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 1992 узви СҲИ мебошад.