ТАҶАЛЛИГОҲИ ҲАЁТИ ВОҚЕӢ

Шавқи мардум ба санъати театр хеле коҳиш ёфта, мухлисони як замонаҳо бешумор кунун ба остонаи толорҳои бузурги театрҳо камтар по мегузоранд.

Суҳбати мо бо директори Театри мусиқию драмавии вилояти Сурхондарё Муяссар Қарақулова аз ин мушкили ҷиддии театрҳо оғоз гардид.


– Бале, айни ҳол тамошобинон ва мухлисони театр мисли қадим зиёд нестанд ва ин боиси таассуф ва нигарониҳост, – гуфт ӯ. – Аммо санъати театрӣ аз асилтарин санъатҳо ба шумор меравад ва мардуми хушзавқ дарк мекунанд, ки мақоми театрро ҳеч кадоме аз санъатҳо гирифта наметавонанд. Зеро ин ҷо фиреб, рӯпӯшиву чашмбандӣ вуҷуд надорад. Театр ягона масканест, ки ҳаёт ва рангҳои он ҳақиқӣ ҷило медиҳанд. Албатта, театрҳо бояд асарҳои беҳтаринро рӯйи саҳна гузоранд ва дар дили тамошобинон ҷой гиранд. Ҳарчанд театри мо мақоми ҷумҳуриявиро надорад, дар ҳунари саҳнаофарӣ аз ягон театри номаш баланд кам нест. Мо кӯшиш дорем, ки бо гузоштани намоишномаҳои беҳтарин шумори мухлисонро зиёд созем.
– Соли гузашта ҳунармандони театр чӣ бурде доштанд?
– Театри мо чандин асарро рӯйи саҳна овард, ки дар феҳристи корӣ сабт шуда буданд. Дар реҷа чор намоишнома иҷозат дошт, ки рӯйи саҳна оварем, аммо зиёдтар аз нақшаи корӣ амал намуда, панҷ асари саҳнавӣ гузоштем. Аз ҷумла, асарҳои «Умрҳои хазондида» (О. Ризоев ва А. Азизхӯҷаев) дар жанри фоҷиа, «Муҳосира»-и Усмон Азим (фармоиши давлатӣ), «Гапи хона дар кӯча»-и Қ. Норқобил ва «Тахти Сулаймон»-и Ҳамза Хонов (фармоиши давлатӣ) ба рӯйи саҳна оварда шуданд. Инчунин бо ҳамкории додситонии вилоят асари Дилфуза Ҷӯраева «Дар чорроҳаи умр» низ рӯйи саҳнаро дид. Ин панҷ асар комилан нав буда, аз ҳар нигоҳ маҳорати баланди ҳунарии кормандони театрро намоиш медиҳанд. Коргардонҳои номии театр Фарҳод Болтаев, Илҳом Отамирзоев ва Асқар Холмуъминов дар тавлиди асарҳои нав аз сидқи дил меҳнат карданд.
– Театри мусиқию драмавии вилояти Сурхондарё сафарҳои эҷодӣ низ ташкил мекунад?
– Албатта! Аз барои иҷрои қарорҳои роҳбари давлат мо меҳмони вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах гаштем ва асари «Тири бехато»-ро намоиш додем, ки мухлисони зиёдеро гирдиҳам овард ва ҳунармандони театри моро бо кафкӯбиҳои бардавом шод сохтанд. 
–  Дар бораи ҷузъиёти сафари театр ба Тоҷикистон ҳам чанд сухан мегуфтед.
– Ин сафари ҳунарии мо 2-3 ноябри соли гузашта иттифоқ афтод. Ростӣ, як сафари хубу хотирмоне буд. Дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ асари Чингиз Айтматов «Замини модарон»-ро намоиш додем, ки гарм пазироӣ шуд ва аз ҷониби мутахассисони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хуб баҳогузорӣ гашт. Боиси шодмониҳо аст, ки дар ҳамин сафари ҳунарӣ мо муваффақ гаштем бо ҷамоаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ меморандум ба имзо расонем. Тибқи ҳамин қарордоди ҳамкорӣ муваззафем, ки дар идомаи панҷ соли минбаъда меҳмони ҳамдигар шудаву ба дӯстии ду халқи азалан пайванд ҳиссаи худро гузорем. Ин аст, ки як гурӯҳ ҳунармандони ҳирфаии Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе 12 январи соли ҷорӣ ба шаҳри Тирмиз омаданд ва намоишномаи «Баъди мурдан хоҳ ою хо(ҳ) наё»-ро (асари Холиқ Хурсандов, зодаи ноҳияи Бойсун) бо забони тоҷикӣ ба саҳна гузоштанд. Ҳамин асари ҳамватани мо дар худи Тоҷикистон зиёда аз 50 маротиба рӯйи саҳнаро дидааст. 
– Муяссар Зафаровна, хонандагони «Овози тоҷик»-ро мухтасар бо таърихи Театри мусиқию драмавиатон  шинос мекардед.
–Театрамон 26 апрели соли 1935 ташкил шудааст. Нахустин асаре, ки рӯйи саҳнаи ин театрро дидааст, асари «Ғолибият»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ буда, аз ҷониби Афандихон Исмоилов ба саҳна гузошта шуда буд. Ин тавр, театр мунтазам рушд карда, аз дили халқи мехнаткаш ҷой гирифт... 
– Фаъолияти кории театри мусиқию драмавии Сурхондарё аз ду замони мутафовит идома кардааст: замони шӯравӣ ва даврони истиқлоли Ӯзбекистон. Дар аҳди нав кори театр чӣ тағйироте дид?
– Театри мо дар замони ҳукумати шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, мудом ҳамқадам ва ҳамнафаси сиёсати давр тараққӣ кардааст. Аммо ҳунармандони он аз давраи хеле мураккаб бо таҷрибаи бойи саҳнаофарӣ вориди даврони нав – замони истиқлол гаштанд ва ҳамин таҷрибаи ғаниро дар хидмати халқу Ватани азизи худ қарор дода, ба офаридани асарҳои саҳнавии сифатан нав муваффақ гаштанд. Театри мо чун кулли театрҳои кишварамон аз таъсири сиёсати кӯҳна халос хӯрда, ба марҳилаи нави рушд ворид гашт. Ходимони эҷодиамон 73 нафарро ташкил медиҳанд, ки 34 тани онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд. Имрӯз ба шарофати истиқлол соҳиби бинои наву замонавие гаштем, ки таҷҳизоти замонавӣ дорад. Дар ҷамоаи мо Гулнора Равшанова кор мекунад, ки унвони «Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон»-ро соҳиб аст. Ҳамчунин   чаҳор тани дигар – Йӯлдош Мирқурбонов, Ҳомид Орипов, Чоршанбӣ Чориев ва Қудратулло Бурҳонов унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон»-ро доранд. Ҷавонони лаёқатманд хеле зиёданд ва онҳо пайваста ҳунари актёрии худро рушд медиҳанд.

Мусоҳиб 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: