ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ВА МАНБАЪҲОИ ДАРОМАД ФАРОҲАМ ОВАРДА МЕШАВАНД

Дар мамлакати мо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатбардор, воридотиву содиротӣ меафзояд.

Сокинони минтақаҳо аз ҷойҳои нави корӣ, ки ба шарофати татбиқ намудани лоиҳаҳои бузург фароҳам меоянд, хурсанданд.
Вобаста ба ин муҳимияти ба кор андохта шудани иқтидорҳои нави баландтехнологии истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодиро метавон таъкид кард.
Мавзӯъро дар мисоли фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд»-и вилояти Фарғона ва лоиҳаҳое, ки дар ин ҷо татбиқ мешаванд, идома медиҳем.
Минтақаи озоди иқтисодии мазкур аз чаҳор қисмат иборат буда, дар майдони тақрибан 714 гектар ҷойгир шудааст, дар он 130 лоиҳаи сармоявии арзиши умумиашон 684 миллион доллар амалӣ мешаванд. Ҳоли ҳозир дар ин ҷо 85 лоиҳа ба маблағи 311 миллион доллар амалӣ шуд, зиёда аз ҳашт ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам омаданд.
Дар ҷараёни сафараш ба вилояти Фарғона, ки 27 июли соли равон ба вуқӯъ пайваст, Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти корхонаи «BNBM Building Materials Central Asia», ки ба қарибӣ дар ҳудуди ин минтақаи озоди иқтисодӣ кушода шуд, шинос гардид.
Дар ин корхона, ки бо ҷалби сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар ҳаҷми 30 миллион доллар ташкил шудааст, 200 ҷойҳои нави корӣ фароҳам омаданд. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 30 миллион метри мураббаъ гипсокартони одӣ ва чаҳор миллион метри мураббаъ гипсокартони манзаравӣ мебошад.
Роҳбари давлати мо зуд-зуд таъкид менамояд, ки рушди «нуқтаҳои афзоиш»-и ҳар як минтақа, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва манбаи даромад барои одамон мақсади аввалиндараҷаи сиёсати давлати мо ба шумор меравад. Соли равон дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» ба истифода супурдани 45 лоиҳаи бузурги саноатии арзиши умумиашон 373 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Татбиқ кардани ин вазифа имкон медиҳад барилова зиёда аз 6800 ҷойи нави корӣ ба миён ояд.
Соли 2023-юм аз ҷониби корхонаҳои аъзои минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқанд» истеҳсоли маҳсулот дар ҳаҷми се триллион сӯм пешбинӣ гардидааст. Ҳаҷми содирот то охири сол тақрибан 120 миллион долларро ташкил медиҳад.
Акнун биёед аз рақамҳо ба таҳлили лоиҳаҳои мушаххаси сармоявӣ мегузарем.
Яке аз онҳо маҷмӯи оид ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ ба шумор меравад, ки аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Mollis»-и ноҳияи Учкӯпир ташкил шудааст ва дар ҷараёни сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона ба истифода дода шуд. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 123 миллиард сӯмро ташкил дода, иқтидори истеҳсолиаш соле зиёда аз 17 миллион адад маҳсулоти бофандагӣ мебошад.
– Дар корхонаи мо силсилаи пурраи истеҳсолӣ, аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шудааст, техника ва таҷҳизоти замонавӣ, ки аз Чин ва Туркия харид шудаанд, устувор гардидаанд. Ин ба мо имкон медиҳад ҷараёнҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангкунӣ ва ғайраро мустақилона иҷро кунем. Дар натиҷа мо 150-200 намуди сару либоси тайёрро ба содирот мебароварем, – мегӯяд роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Mollis» Шавкат Раҷабов. 
– Дар доираи лоиҳа анқариб панҷсад ҷойи нави корӣ ташкил шуданд. Моро зарур аст, ки аз шароит ва имкониятҳои барои соҳибкорӣ дар кишвар фароҳамовардашуда самарабахштар истифода бубарем.
Майдони умумии корхона ҳашт гектарро ташкил медиҳад, ҷараёнҳои кор дар биноҳо ва иншооти масоҳаташон 56 ҳазор метри мураббаъ ба роҳ монда шудаанд. Пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми солонаи содирот тақрибан ҳашт миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Чунин лоиҳаҳои васеъмиқёс барои дар минтақа созмон додани ҷойҳои нави корӣ ва ба миён овардани манбаъҳои нави даромади мустақими аҳолӣ хидмат мекунанд.

Икром АВВАЛБОЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: