Дар рӯ ба рӯйи маҷмӯъи Регистон бинои академияи рассомони Самарқанд ҷойгир аст.
Дар рӯ ба рӯйи маҷмӯъи Регистон бинои академияи рассомони Самарқанд ҷойгир аст. Дар ин ҷо чанд нафар мусаввирони номдори Ӯзбекистон – Нуриддин Калонов, Аслиддин Исоев ва аз он ҷумла Ҷумъабой Абдурауфи Оҳаликӣ бо эҷод ва тарбияи насли наврас машғуланд. Рости гап, дер боз ният доштам, ки дар бораи Ҷумъабой, ки солҳои тӯлонӣ бо рӯзномаҳои Самарқанд ҳамкорӣ дорад ва барои китобҳои нависандагону шоирони шаҳри бостонӣ сурат мекашад, чизе нависам.
Чанде пеш ин марди шариф 70-сола шуду асарҳояшро дар Чорсӯи маҷмӯъи Регистон ба намоиш гузошт ва албоми «Таронаи қуллаҳои кӯҳсор»-ашро чоп кард. Бо ҳамин баҳона меҳмони эҷодхонаи мусаввир шудам. Вай саргарми расмкашӣ буд. Суҳбати мо чун ҳамеша, ба қавле, қаймоқ баст.
Мусаввир дар деҳаи хушҳавои Оҳалик чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ солҳои таҳсил дар мактаби рақами 18-уми зодгоҳ ба санъат дил баст. Пас аз ба даст гирифтани номаи камол ба Тоҷикистон рафт ва шомили омӯзишгоҳи бадеии Душанбешаҳр гардид. Сипас ба ҷустуҷӯйи эҷодӣ пардохт. Барои дарёфти номи мусаввир бо бисёр устодони мӯйқалам суҳбат орост, китобҳои гуногуни соҳаро варақ зад.
Соли 1973 ба зодгоҳ омад ва дар шаҳри Самарқанд аввалин намоишгоҳи шахсии худро ташкил намуд. Дар ҷараёни тамошо ҳамкасбон, мухлисон ва санъатшиносон барои сайқал ёфтани истеъдодаш маслиҳатҳои муфид доданд. Вай Донишкадаи педагогии ба номи Низомии Тошкандро низ хатм кард ва ба узвияти Академияи бадеии Ӯзбекистон қабул гардид. То имрӯз қариб дар 50 намоишгоҳи шахсӣ ва байналхалқӣ асарҳои худро ба маърази тамошо гузоштааст.
Воқеан, дар эҷодиёти мусаввир манзараҳои зодгоҳаш – Оҳалик мавқеи хосса дорад. «Кӯчаҳои сангфарш», «Барфи аввал», «Баҳори барвақт», «Моҳи март», «Кӯе дар кӯҳсор», «Рӯзи абрнок», «Кайфияти баҳорӣ» ва ғайра далели фикри мост.
Мусаввир ба пейзаж – манзараҳои таърихии Самарқанд бефарқ нест. Масалан, «Бибихонум», «Шомгоҳи Регистон», «Тирамоҳи Самарқанд», «Шоҳи Зинда» ва дигар асарҳои ӯ диққати тамошобинро ба худ мекашанд.
Ҷумъабой Абдурауфи оҳаликӣ санъаткори рангинхаёл ва соҳибтаҷриба буда, асрори сураткаширо ба ҷавонон ёд медиҳад.
Вай муаллими омӯзишгоҳи санъати ба номи Абдулазиз Абдурасулови Самарқанд аст. Дар чор фасли сол бо шогирдон ба шаҳру ноҳияҳо, алалхусус, деҳаҳои кӯҳсор сафари эҷодӣ ташкил мекунад, ки онҳо аз табиат баҳра баранд ва барои худ мавзӯъ пайдо намоянд.
– Камина бо Ҷумъабой ҳамкасбу ҳамфикр ҳастем, – мегӯяд академики Академияи бадеии Ӯзбекистон Аслиддин Исоев, – мо дар як бино, паҳлӯи якдигар эҷод менамоем. Ҳангоми кор ба утоқи якдигар сар халонда маслиҳат медиҳем, яъне камбудии якдигарро пурра мекунем.
Чанде пеш машварат ороста тасмим гирифтем, ки дар деҳаи хушманзараи Оҳалик шуъбаи мактаби мусаввирони ҷавонро ташкил диҳем, ки ҷавобгӯйи Панҷ ташаббуси сарвари давлатамон мебошад. Умед дорем, ки ин масъала тавассути «Овози тоҷик» ба маъмурони ҳокимияти вилоят мерасад ва ташаббуси неку хайрхоҳонаи мо дастгирӣ меёбад.
– Ман бо Ҷумъабой солҳои тӯлонӣ, ҳангоми кор дар Душанбешаҳр ошно будем, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд адиби номдори тоҷик Адаш Истад, – асарҳои ӯро бо завқ тамошо мекунам. Рангтасвирҳои вай ҷозибанок, табиӣ ва серҷилоянд. Ҷумъабой қуллаҳои баланди осмонбӯс, талу ёнаҳои онро бо маҳорати баланд ба матоъ гузаронида, диққати мухлисонро ба худ мекашад.
– Нақшаҳо бисёр, – чашм аз матоъ наканда мегӯяд қаҳрамони лавҳаи мо Ҷумъабой Абдурауф, – албоми «Таронаи қуллаҳои кӯҳсор» маҳсули як қисми фаъолияти панҷоҳсолаи ман аст. Аммо худ нафаҳмидам, ки чӣ тавр синнам ба 70 расид. Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки то лаҳзаи вопасини умр аз мӯйқалам ҷудо нашавам.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.