Табобатгоҳи рақами 8-уми шаҳри Самарқанд тақрибан ба 50000 нафар аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонад.
Табобатгоҳи рақами 8-уми шаҳри Самарқанд тақрибан ба 50000 нафар аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонад. Ин хидмат қаламрави 15 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳоро дар бар мегирад, ки ба онҳо 29 нафар табибони оилавӣ вобаста карда шудаанд. Ҳоло аз коронавирус гаронтар беморие нест. Дар ин ҷо эмкунӣ аз коронавирус сар шуда ситод иборат аз 9 нафар мутахассисони варзида бо сардории сардухтури табобатгоҳ Дилфуза Нормуродова созмон ёфтааст.
Хабарнигори ҷамоатии рӯзномаи мо Ӯктам ИБРОҲИМ бо ҷонишини сардухтур, муовини сардори штаб доир ба эмкунӣ бар зидди коронавирус — КОВИД-19 Зебо Ҷумъаева суҳбат орост.
— Зебо Мақсадовна, дар табобатгоҳ кори эмкунӣ аз коронавирус кай оғоз ёфта буд?
— Эмкунӣ аз сирояти коронавирус дар заминаи Фармони рақами 31-уми Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфтааст. Мо қабл аз ташкил кардани он касонеро, ки хатари баланди чунин беморшавӣ ва сирояткунии онро доранд, маълум кардем, рӯйхати онҳоро тартиб додем. Ба ин гурӯҳ одамони синну солашон аз 65 боло, шахсони аз 18 то 64-сола, ки бемориҳои доимӣ, аз ҷумла касалиҳои дил, шуш, гурда, онкологӣ, диабети қанд доранд, аниқ кардем.
Онҳо, тавре ки дар мамлакатҳои дунё ҷорӣ шудааст, ба тоифаҳои хатари чунин беморидошта ҷудо карда шуданд. Ба ин тоифа ходимони муассисаҳои томактабӣ, кормандони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, мактабҳои олӣ, онҳое, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, донишҷӯёни дар мамлакатҳои хориҷӣ таҳсилдошта, коркунони нақлиёт, ходимони умури дохила, ҳарбиҳо, блогерҳо, рӯзноманигорон дохил мешаванд. Зеро онҳо бо тақозои касбу кор бо мардум дар мулоқоти мунтазам мебошанд.
— То имрӯз чанд нафар эм карда шуд? Оё дар байни онҳо шикояткунандагон аз эмкунӣ ҳастанд?
— То имрӯз дар поликлиника 133 нафар эм карда шуданд, дар ин кор маҳдудсозиҳои тиббӣ ҳам мавҷуданд. Чунончи, занҳои ҳомила, занҳои дорои кӯдакони ширхор, онҳое, ки бемории онкологӣ доранд, эм карда намешаванд. Ғайр аз ин, маҳдудкунии муваққатӣ бинобар бемориҳои диққи нафас, шуш, инчунин, доштани ҳарорати баланд, зукком (шамолхӯрӣ) низ вуҷуд дорад. Онҳо пас аз 10-15 рӯзи табобат эм карда мешаванд.
Маълум аст, ки одамон дар ҳар муддат аз диспансеризатсия гузаронида мешаванд, яъне шаҳрвандон аз муоинаи мутахассисон, таҳқиқи лабораторӣ гузаштанашон лозим аст. Бо ин восита вазъи саломатии онҳо аниқ карда мешавад. Ҳоло дар давраи аввал ба табобатгоҳи мо барои эмкунӣ муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла, Маркази перинатории вилоят, диспансери наркологии Самарқанд, ходимони тиб вобаста карда шудаанд. Ҷараёни эмкунӣ дар байни онҳо хуб гузашт. Мо беш аз 150 нафар одамони синну солашон аз 65 болоро низ эм кардем.
Барои эмкунӣ 3 хонаи бо ускунаҳои тиббӣ мучҷаҳазшуда ҷудо гардидааст, поликлиника бо ваксинаҳо таъмин мебошад. Инчунин, хонаҳои махсуси мушоҳида пас аз ваксина барои занону мардон кушода шудаанд. Онҳое, ки сӯзандору гирифтаанд, ним соат дар ин хонаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Яъне, тӯли ним соат таҳти назорати ҳамшираи тиббӣ ё духтур қарор мегиранд. Пас аз эмкунӣ тӯли се рӯз табибони патронажӣ аз ҳоли онҳо хабардор мешаванд.
– Дар эмкунӣ кадом ваксинаҳо истифода мешаванд?
— Ваксинаи ӯзбекиву хитоии ZFUZVAC 2001 Astra Zeneca. Ин ваксина тӯли се моҳ се маротиба гузаронда мешавад. Ваксинаи дувум аз Бритонияи Кабир аст ва тӯли 28 рӯз ду маротиба эм карда мешавад.
– Зебо Мақсадовна, оё эмкунӣ ихтиёрӣ аст? Дар ин бобат оё корҳои тарғиботӣ низ бурда мешаванд?
– Эмкунӣ ихтиёрист, маҷбурӣ нест. Ходимони тиб ба мардум бемории коронавирус, чӣ гуна сироят карданаш, асорат, оқибатҳои онро мефаҳмонанд.
– Ба шумо ва ходимонатон дар мавриди аз иллати коронавирус наҷот додани аҳолии шаҳри бостониамон сабру тоқат ва суботкорӣ орзу мекунем.
– Ташаккур!