КОНФРОНС МАСЪАЛАҲОИ АФҒОНИСТОНРО БАРРАСӢ КАРД

Дар шаҳри Тошканд бо иштироки намояндагони хоси Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар умури Афғонистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

 Дар ҷараёни ин конфронс талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Афғонистон, ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, барқарорсозии иқтисодии кишвар ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ дар қаламрави он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ намояндаи хоси Президенти Ӯзбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев ба ҷанбаҳои асосии сиёсати Ӯзбекистон нисбат ба Афғонистон, аз ҷумла ба зарурати роҳандозии муколамаи созанда бо мақомоти нави ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Вай, аз ҷумла, гуфт, ки бо вуҷуди муваффақиятҳои мақомоти феълии Афғонистон дар соҳаи маориф, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз Кобул бо исрор талаб кунад, ки ҳукумати он бар асоси намояндагони фаромиллии васеъ таъсис дода шавад. Дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, аз ҷумла занон ва ақаллиятҳои миллӣ таъмин гардад.
Иштирокчиёни конфронс бо зикри нигаронии худ аз вазъияти вазнини башардӯстона, ки дар Афғонистон ҳукм меронад, аз давлатҳои дигар даъват намуданд, ки ба мардуми ин кишвари азиятзада кумакҳои башардӯстона расонанд. Иштирокчиёни дигар низ аз ҳукумати нави Афғонистон даъват ба амал оварданд, ки барои иҷрои ваъдаҳо ва ӯҳдадориҳо дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бояд талош намояд.
Ҷилавгирӣ аз он, ки қаламрави Афғонистон ба паноҳгоҳи террористони байналмилалӣ табдил наёбад, низ яке аз масъалаҳои асосӣ шумурда шуд.
Намояндагони хоси ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ҷиҳати дар шаҳри Тирмиз ташкил намудани Маркази гуногунҷабҳаи нақлиётӣ-логистикӣ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон куллан ҷонибдорӣ карданд. 
Ҳамзамон иштирокчиёни конфронс дар бораи идомаи баргузор намудани муколамаи доимӣ дар чунин шакл ҳамчун платформаи машваратҳо ва ҳамкорӣ ҷиҳати дастгирии мардуми Афғонистон ба тавофуқ расиданд. 
Изҳор гардид, ки бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, Афғонистон набояд ба кишварҳои дигар ягон таҳдид ба бор оварад, инчунин барои озодии ҳаракат ва таъмини убури марз шароит мусоидат кунад.
Дар поёни конфронс бар асоси натиҷагириҳо Изҳороти муштарак қабул гардид. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: