Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз зумраи бузургтарин мутафаккирону донишмандон ва адибони порсизабон ба шумор меравад ва дар таърихи адабиёти ҷаҳон мақоми арзандаеро дорост.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз зумраи бузургтарин мутафаккирону донишмандон ва адибони порсизабон ба шумор меравад ва дар таърихи адабиёти ҷаҳон мақоми арзандаеро дорост. Беш аз ҳафтсад сол мешавад, ки андешаҳои баландпарвози ӯ қалби миллионҳо сокинони дунёро тасхир месозад. Гӯё пири хирадманд – Мавлонои Рум дар даст чароғи ирфону маърифат дар ҷустуҷӯи Инсони комил аст, кӯй ба кӯй, гузар ба гузар, кӯча ба кӯча, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр, кишвар ба кишвар мегардад, паёми ойини Ҳақ, озодию озодандешӣ, сулҳу сафо, баробариву бародариро ба мардум мерасонад, то ки онҳо худро ва саранҷом офарандаи хеш Худованди мутаъолро бишиносанду ба камол бирасанд ва саодати ҳар ду ҷаҳонро ба даст биоваранд. Ба қавли худи он ҳазрат:
З-ин ҳамраҳони сустаносир,
дилам гирифт,
Шери Худову Рустами дастонам
орзуст.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт
гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу
Инсонам орзуст.
Инак, тайи чанд соли охир афкори ин намояндаи маъруфи тамаддуни эронӣ ва исломӣ ба мамолики Ғарб, ба хусус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳ ёфта, дар дили ҳазорон нафар мардуми гуногуннажоду мухталифзабон ва маънавиятҷӯйи ин сарзамин маъво мегузорад. Хабаргузории сайти «Донишҷӯёни эронӣ»-и пойгоҳи интернетии Вазорати умури хориҷаи ИМА иттилоъ медиҳад, ки Мавлоно Румӣ дар Амрико маҳбубтарин шоир ба шумор меравад. Ҳам акнун маҳфилҳои дарсӣ марбут ба осори ӯ дар тамоми нуқоти ин кишвар вуҷуд доранд ва ин дар ҳолест, ки ду даҳсола пеш камтар касе ӯро мешинохт. Баррасиву суханрониҳо, мутолиаи осори ӯ дар бахшҳои фарҳангӣ, матолиби зиёде аз аҳвол ва осори вай дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳои ҳама шаҳрҳои бузурги Амрико ба нашр мерасанд. Гурӯҳе аз кормандони телевизиони ин кишвар барномаи ҷолиберо роҷеъ ба зиндагинома ва осори ӯ сабт карда, ба маърази намоиши миллионҳо тамошобинон гузоштаанд. Ин ҳама рӯйдодҳои фарҳангӣ марбут ба Ҷалолиддини Балхӣ-Румӣ нишондиҳандаи баланди маҳбубияти ӯ дар Амрико ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ қайд мекунад, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи Амрико рӯз то рӯз ва сол то сол ба шахсият ва осори пурарзиши Мавлоно зиёд мегардад ва бо баёни матолиби боло чунин меафзояд: дар ҳақиқат ин шоир ба ҳеч унвон амрикоӣ нест. Амрикоиҳо ҳам наметавонанд чеҳраи ӯро ба таври зинда дар толорҳо, хиёбону гулгаштҳо ва ё дар барномаҳои телевизионӣ бубинанд. Зеро вай беш аз ҳафтсад сол қалб аз ин даргузаштааст ва агар номи ӯ муддати замони кӯтоҳест, ки дар Амрико ба номи ошно табдил ёфта бошад, эрониҳо ва дигар мардумони форсизабони ҷаҳон қарнҳои зиёдест, ки вайро хеле хуб мешиносанд ва аз осори пурарзиши ӯ баҳраҳо мебардоранд. Ному насаби аслии ӯ Ҷалолиддин Балхист ва ӯ дар Амрико бо нисбаи Румӣ бештар шуҳрат дорад.
Тибқи маълумоти чандин сарчашмаи муҳим ва муътамад дар ИМА китобҳои Мавлоно Балхӣ солҳои охир беш аз осори ҳар шоири дигаре дар ин кишвар ба фурӯш расидааст. Таъсири сайти махсус таҳти унвони «Румӣ» дар барномаи интернетӣ дар як муддати кӯтоҳ беш аз ҳаштсад ҳазор нафар амрикоиҳоро ба худ ҷалб намуда ва онҳо аз матолиби он истифода бурдаанд. Ному тасвири Мавлонои Рум дар китобҳо, лавҳаҳо, тақвимҳо, дӯконҳои китобфурӯшӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, мактабу донишгоҳҳои саросари Амрико хеле зиёд ба назар мерасад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсият ва осори ин мутафаккири бузурги исломии форсизабон торафт дар кишвари он тарафи уқёнус нуфуз пайдо намуда, мақом ва манзалати волоеро касб мекунад.
Дар гузориши интернетии мазкур омадааст, ки теъдоде аз коршиносон ва пажӯҳишгарон бар он боваранд, ки Мавлоно Ҷалолиддин пас аз ҳамалоти террористии 11 сентябри соли 2001-ум нақши пули муҳимеро байни ҷомеаи Амрико ва олами ислом мебозад. Миллионҳо мардуми ғайримусалмон баъди ошноӣ пайдо кардан бо осор ва афкори ин мутафаккири бузурги исломӣ бовар ҳосил мекунанд, ки пайравони ин дини мубин, дорои тамаддуни олӣ ва афкори башардӯстӣ ҳеч гоҳ даст ба чунин ҷинояти мудҳиш – амалиёти террористӣ намезананд. Бинобар ин асли ҳодисаро ҷустуҷӯ намуда, дармеёбанд, ки ин ҳама дасиса ва тавтеаҳо кори душманони ислом аст. Зеро Мавлоно дар ашъори худ ғояҳои дӯстиву бародарӣ, ваҳдату баробарии ҳамаи қавму миллатҳоро новобаста аз нажод ва забону фарҳанги мухталиф тарғиб намуда, мефармояд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Ё ин ки:
Ҳарфи бадро бар забон бурдан
хатост,
Кофиру муъмин ҳама халқи
Худост.
Дар ҷодаи тарҷума ва густариши осори гаронбаҳои Мавлоно шоири олмонинажоди амрикоӣ Ҳанс Моинк саҳми бузург гузоштааст. Ӯ зимни мусоҳиба ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки маъмурияти тарҷумаи осори Мавлоно Ҷалолиддин ба таври тасодуфӣ сурат гирифтааст. Бори нахуст осори Румиро нависандаи амрикоӣ Роберт Болай дар соли 1972 ба забони англисӣ ва ба тариқи наср тарҷума намуда, ба чоп расонида буд, вале он чандон маъруфият пайдо накард. Зеро сабки тарҷума душвор анҷом гирифта буд. Рӯзе тасодуфан ин мутарҷим ба Ҳанс Моинк вохӯрда, як нусхаи китоби тарҷумакардаи хешро ба ӯ тақдим мекунад. Ин шоири номвари амрикоӣ баъди мутолиаи китоб ба ваҷд омада мегӯяд: «Ин ашъор бояд аз қафасҳояшон озод шаванд» ва ӯ бо камоли шавқу завқ ба баргардони ашъори баландмазмуни шоири бузурги ирфонӣ ба тариқи назм пардохт ва ниҳоят китобро ба чоп расонид ва дере нагузашта дар байни мардуми андешапарвари Амрико шуҳрати беандоза пайдо кард.
Шоири дигаре, ки дар тарҷума ва тарғиби ашъори безаволи Мавлоно нақши бузург бозидааст, Климан Боркс мебошад. Муваффақият ва комёбии намоёни тарғиби шахсият ва осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳамин фаъолияти ин шоири номдор ва боистеъдоди амрикоӣ марбут аст. Китоби таълифнамудаи ӯ бо номи «Румӣ» беш аз ҳар рӯйдоди дигаре боиси зуҳури барқовари алоқа ва дилбастагии мардуми Амрико ба шахсият ва осори ин шоири нобиғаи форсизабон гардид, – чунин ақида доранд коршиносон ва пажӯҳишгарони афкори ҷомеаи Амрико.
Климан Боркс изҳор намудааст, ки ният дорад ба зодгоҳи Ҷалолиддин Румӣ – шаҳри Балх сафар намояд ва дар он ҷо маҳфилҳои румихониро барпо созад ва ашъори ин мутафаккири бузурги эронӣ ва исломӣ ҳам ба забони асл – форсӣ ва ҳам ба забони тарҷума – англисӣ садо диҳад, то ки ҳазорон мардум аз ин баҳри бекарони маърифат ва ирфони Мавлоно баҳра бардоранд.
Хабаргузории мазкур дар фарҷоми гузориши худ менависад: «Ин ҳисси кунҷковию шавқу завқи беандоза, майл ба таҷрибаандӯзӣ ва дарки афкору ақидаҳои пешқадам, озодандешӣ, маърифатпарварӣ, инсондӯстиву тарғиби ғояҳои бародариву баробарӣ аз хислатҳои муштараки Мавлоно ва Климан Боркс мебошанд ва ин ду инсони мутафовит ва дорои фарҳанги мухталифро ба якдигар васл ва пайванд сохтааст».
Оре, рисолати боло ва волои Мавлоно низ аз ҳамин иборат аст, ки худ барҳақ фармуда:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Қиёмуддин САТТОРӢ.