ӮЗБЕКИСТОН АЗ ҶУМЛАИ КИШВАРҲОЕСТ, КИ ШАҲРВАНДОНИ ОН МЕТАВОНАНД БАРОИ ВУРУД БА АРАБИСТОНИ САУДӢ РАВОДИДРО ОНЛАЙН ДАРЁФТ КУНАНД

Ҳукумати Арабистони Саудӣ имкони дарёфти раводиди электронӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистонро фароҳам овард.

Ба иттилои Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Ҷидда, акнун шаҳрвандони кишвари мо метавонанд барои дарёфти раводиди Арабистони Саудӣ ба таври электронӣ муроҷиат кунанд ё ба нуқтаҳои вуруди байналмилалӣ ариза диҳанд. Раводиди электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки аз манотиқи мухталифи Арабистони Саудӣ боздид кунанд ва зиёрати «Умра»-ро анҷом диҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2022-2023 ҳудуди 200 000 шаҳрванди Ӯзбекистон бо раводидҳои гуногун аз Арабистони Саудӣ дидан кардаанд.
Минбаъд шаҳрвандони  Ӯзбекистон метавонанд ба осонӣ раводиди Арабистони Саудиро бо сарфи камтар аз 50 доллар ба даст оранд. 
Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки ҳоло 57 кишвар метавонанд аз системаи электронии раводиди сайёҳӣ, ки Вазорати сайёҳии Арабистони Саудӣ аз 27 сентябри соли 2019 оғоз кардааст, васеъ истифода баранд.
Ин, дар навбати худ, ба татбиқи барномаи стратегии «SaudiVision 2030», аз ҷумла, зиёд гардондани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар МУД аз 3 фоиз то 10 фоиз ва ҷалби 100 миллион сайёҳон дар соли 2030 хидмат мекунад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: