КОНФРОНСИ ВИДЕОИИ ҲОКИМИ НОҲИЯИ НУРАТО

Ҳокими ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Азамат Файзиев бо намояндагони ширкати «Rafahia Holdings Berhad» дар Малайзия мулоқоти конфронси видеоӣ анҷом дод.

Дар мулоқоти  видеоӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ӯзбекистон дар Малайзия Каромиддин Гадоев иштирок намуд.


Зимни мулоқот дар бораи ворид намудани сармояи хориҷӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои инноватсионии истиқболнок гуфтушунид карда шуд.
Дар бораи лоиҳаи аз нав коркарди тарбуз ва помидори дар ноҳия парваришшаванда нақшаҳои муайян пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин лоиҳаҳои энергияи «сабз» ва кофтукови тилло ва аз он ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ пешниҳод гардид.
Барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ва гузаронидани санҷиши корҳои лабораторӣ ташрифи намояндагони ширкат ба Нурато дар назар аст.
Зикр бояд намуд, ки ширкати «Rafahia Holdings Berhad»дар соли 2011 таъсис ёфта, ба коркарди маҳсулоти заргарӣ, савдои он, сайёҳӣ, авиатсия ва коркарди маҳсулоти хоҷагии деҳот шуғл дорад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: