ҚӮҚАНД – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

11-15 июл дар Донишгоҳи Қӯқанд Фестивали байналмилалии ҷавонони туркзабон баргузор мешавад.

 Фестивал аз ҷониби ҳукумати вилояти Фарғона, Вазорати фарҳанг ва туризм, Агентии кор бо ҷавонон, инчунин дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии фарҳанги турк баргузор мегардад.


– Ба фестивал беш аз 200 нафар ҷавонону донишҷӯёни фаъол аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, инчунин аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Туркия даъват шудаанд. Имрӯз мо онҳоро хеле гарму нарм истиқбол намудем. Онҳо тавассути қатор вориди Қӯқанди латиф шуданд, – мегӯяд сардори садорати Вазорати фарҳанг ва туризм Заррина Абдуллоева.  
Дар доираи фестивал ташкил намудани рӯзи китобхонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши миллӣ ва этникӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мизи мудаввар оид ба ташкили соҳибкорӣ, омода намудани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, муколамаҳои эҷодӣ бо ҷавонони маъруф, мулоқоту вохӯриҳо бо ҳунарпешаҳои театр ва кино ва амсоли он барномарезӣ шудаанд.
Дарвоқеъ, Қӯқанд ба сифати «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» пазируфта шудааст. Ин номи ифтихорӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2018 зимни баргузории ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандон ба ин шаҳр дода шуд. Ҳамон маросим бо ширкати президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ Рози Гринлис ва президенти Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандии минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором Гада Хичавий-Каддумӣ баргузор шуда буд. Ба феҳрасти шаҳрҳои  ҷаҳонии ҳунармандӣ 30 шаҳри ҷаҳон шомил мебошанд. Гузашта аз ин, шаҳри Қӯқанд пойтахти туризми ҷаҳон эълон шудааст.
– Дар мамлакатамон барои баргузор намудани чорабиниҳои бонуфуз тамоми шароити созгор мусоидат менамояд. Аз ҷумла, Қӯқанд дар солҳои охир чандин тадбири муҳими байналмилалиро мизбонӣ намуд. Ҷавонон дар баробари он ки ҷашнвораи худро баргузор мекунанд, ҳамзамон аз ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои меъмориву фарҳангии он низ боздид хоҳанд кард, – мегӯяд ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов.
Ногуфта намонад, ки дар чаҳорчӯби ин фестивал ҷавонон ва меҳмонони он ба шаҳрҳои Фарғона, Марғелон ва Риштон низ ташриф меоваранд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Шаҳри ҚӮҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: