ДАР САМАРҚАНД «БОҒИ ЖУРНАЛИСТОН» БУНЁД ГАРДИД

Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар саросари кишвар баҳри бунёди боғу гулгаштҳо корҳо муташаккилона идома дорад.

Ба ин кори хайру савоб аҳли қалами Самарқанд низ саҳм гузоштанд. 

4-уми апрели соли равон намояндагони расонаҳои ахбор, кормандони  рӯзномаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар деҳаи хушҳавои Оҳалик, дар ҳудуди минтақаи сайёҳӣ-истироҳатии «Оҳалик – Оқбӯйро – Миронқул» барои бунёди «Боғи журналистон» камари ҳиммат бастанд. Дар боғи нав беш аз 300 бех ниҳоли дарахтони сояафкану мевадор шинонданд. 
Дар чорабинӣ ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, самуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, шоиру нависандагон, журналистон, блогерҳо ва фаъолони вилоят иштирок карданд.
— Имрӯзҳо дар саросари кишварамон дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» чорабиниҳои ниҳолшинонӣ идома доранд, — гуфт сарвари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров. — Барои ҳисса гузоштан дар ин кори хайр мо ташаббус кардем ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд онро дастгирӣ карда, аз канори кӯҳсори деҳаи Охалик ба мо ҷой дод. То ҳол дар ин ҷо Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими вилоят ва ҳокимияти ноҳияи Самарқанд боғ ташкил карда буданд ва акнун ин мавзеъ бо боғи эҷодкорони вилоятамон боз ҳам васеъ гардид.
— Дар урфият «аз нек боғ мемонад» мегӯянд, – илова кард Баҳодур Раҳмонов. – Имрӯз шоиру нависандагон, журналистон ҷамъ омада, дар канори кӯҳистон боғи журналистонро бунёд кардем. Минбаъд эҷодкорон метавонанд ба ин маскан  омада, баробари нигоҳубинии ниҳолҳо, истироҳат намоянд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: