27 сентябри соли равон якҷо бо парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Нақши мақомоти қонунбарор дар сохтори Ҷамъияти тақдири ягонаи Чин ва Осиёи Марказӣ» онлайн-симпозиум ба вуқӯъ пайваст.
27 сентябри соли равон якҷо бо парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Нақши мақомоти қонунбарор дар сохтори Ҷамъияти тақдири ягонаи Чин ва Осиёи Марказӣ» онлайн-симпозиум ба вуқӯъ пайваст.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ Э.Гадоев, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва аъзои Кумитаи доимии Ҷамъомади умумичинии намояндагони халқӣ, вакилони конгресси халқии маҳаллии Чин ва парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.
Тавре ки қайд гардид, Ӯзбекистон ба ҳамкории пурмаҳсул бо Чин, ки ба шарикии стратегӣ ва манфиатдории тарафайн такя мекунад, баҳои баланд медиҳад, онро қадр мекунад.
Ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Чин бинобар бисёр самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи парлумон мунтазам инкишоф меёбад. Муоҳидаҳое, ки дар вохӯрии сарони ду давлат ба имзо расиданд, дар ин бобат ба сифати асоси муҳими ҳуқуқӣ хидмат мекунанд. Чунин вохӯриҳо исботи равшани манфиатдории ҳар ду ҷониб аз рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба шумор меравад.
Дар симпозиум бинобар чораҳое, ки дар ҷумҳурӣ бобати коҳиш додани нодорӣ, фароҳам овардани пойгоҳи доимии даромади аҳолӣ, таъмин сохтани рушди устувори иқтисодии мамлакат татбиқ мешаванд, маълумот дода шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки вохӯрӣ дар рӯҳи эътимод ва ҳамкории тарафайн гузашт. Аз ҷумла, қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ дар пояи равандҳои баробарӣ, эътимод ва ҳусни тафоҳум, ки дар муносибатҳои тарафайни Ӯзбекистон ва Чин ҳамешагӣ мебошанд, мусоидат мекунанд.
Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.