КИМИЁГАРИ ОЯНДА

Ҷараёни ислоҳот, дар ҷамъият ҷойи муносиби худро пайдо карда тавонистани ҷавонон ва дастовардҳои онҳо собит месозанд, ки таҳти сарварии Президент дар мамлакатамон ба ҷавонон эътибори алоҳида нигаронида мешавад.

Ҷавонон бо ғоя ва лоиҳаҳои пешқадам ва мақсадҳои амиқи худ таваҷҷуҳ намуда, ба рушди кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд. Яке аз чунин ҷавонони фаъол донишҷӯйи курси сеюми Донишкадаи кимиёву технологияи Тошканд Маъмурҷон Ҷумъаназаров мебошад.
Маъмурҷон дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст ба воя расидааст. Мактаби миёна ва коллеҷи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сервиси Чустро бомуваффақият хатм намуда, ба самти биотехнологияи донишкада дохил мегардад.
Ӯ ҳанӯз донишҷӯйи курси аввал буд, ки аз эътибори устодону ҳамсабақон ҷой гирифт. Он сол дар конференсияи илмиву амалии байналхалқии дуюме, ки бо ҳомигии «Ӯзбекнефтгаз» ташкил ёфт, бо маърӯзаҳои худ таҳти мавзӯи «Саноати нафту газ: инноватсия, энергетикаи замонавӣ ва мушкилоти он», «Дар тозакунии об энергияи муқобил, биотехнология ва нақши инноватсияҳои моеъи муқобил» ва «Нақши энергияи муқобил дар тозакунии об» иштирок кард.
Пас аз ин дар якчанд конференсияи ҷумҳуриявиву байналхалқӣ иштирок кард, ки мавзӯъҳои интихобнамудаи ӯ хеле долузарб буданд: «Биотехнология дар соҳаи тиббиёт», «Фишори осмотикӣ ва аҳамияти он», «Имкониятҳои истифода аз энергияи офтобӣ ва сохторҳои инноватсионӣ».
Сиёсати роҳбари давлат оид ба ҷавонон барои ба рӯйи об баровардани қобилияту иқтидори онҳо дари имкониятҳои навро кушод. Қаҳрамони мо аз чунин имкониятҳо низ сари вақт истифода бурд, бахусус, наздик ба 20 мақолаву матолиби ӯ доир ба биотехнологияҳои инноватсионӣ, дар маҷаллаҳои ватаниву байналхалқӣ рӯйи чопро диданд.
Дар ҳар соли донишҷӯӣ М. Ҷумъаназаров муваффақиятҳои нав ба навро ноил мегардад.  Ӯ ғолиби озмуни «Кимиёгари боумед –2021» ва «Донишҷӯйи сол – 2022» шуд.
Маъмурҷон дар форуми байналхалқии якум оид ба фаъолияти илмӣ ва инноватсионии муассисаҳои таълими олӣ низ иштирок кард. Лоиҳаи ӯ, ки масъалаҳои фармасевтика, гирду атроф ва сиҳатии аҳолии Наздиаралро дарбар мегирифт,  эътибори намояндагони Вазорати рушди инноватсиониро ҷалб кард. Ҷиҳати ба амал татбиқ намудани ин лоиҳа аз ҳудуди Наздиарал 20 сотих замин ва барои бурдани корҳои илмиву амалӣ дар он ҷо 140 млн. сӯм ҷудо карда шуд.
Ғайр аз ин, узви академияи ҷавонони назди Вазорати рушди инноватсионӣ Маъмурҷон Ҷумъаназаров дар озмуни «Олими оянда», ки бо ташаббуси вазорати мазкур баргузор гардид, бо лоиҳаи «Дар ҳудуди баҳри Арал ба вуҷуд овардани  навъи нави растаниҳои чекрез ва қандим, аз онҳо ҷудо карда гирифтани моддаҳои фаъоли биотехнологӣ, технология ва ба амал татбиқ намудани он» иштирок кард  ва ғолибиро ба даст овард. Барои ба амал татбиқ намудани лоиҳаи олими ҷавон ба миқдори 600 миллион сӯм равона карда шуд.
Маъмурҷон Ҷумъаназаров соҳиби стипендияи академик  Карим Аҳмедов буда, дар асоси фармони Маркази илмиву тадқиқотии пешқадам 13 январи соли 2023 бо нишони сарисинагии «Илм-фан ифтихори» тақдиронида шуд.
– Ин хабари хушро шунида, бобову падару модарам ашки шодӣ рехтанд, — мегӯяд М. Ҷумъаназаров. – Ба дастовардҳои ман имкониятҳое, ки роҳбари давлатамон барои ҷавонон фароҳам овард, тарбияи волидон, панду насиҳати бобоям ва меҳнати пурмашаққати устодон ҷойгаҳи алоҳида доранд. Ман аз фарзанди Ӯзбекистон буданам сарфарозам. Албатта, ояндаи кишвар ба ҷавонон вобаста аст. Ман мехостам ҳар як насли наврас ин маъниро пурра дарк намояд. Дониш ва касбу ҳунаромӯзиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморида, ба рушду равнақи мамлакат ҳиссаи муносиби худро гузоранд.

Шаҳло МАМАҶОНОВА.
Ноҳияи ЧУСТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: