МАМНӮЪГОҲИ «НУРАТО»

Қисми бузурги ҳудуди ноҳияи Фориш ва ҳиссае аз қаламрави ноҳияҳои Нуратою Қӯшработи вилоятҳои Навоию Самарқанд марбути Мамнӯъгоҳи давлатии «Нурато» мебошанд.

Он соли 1975 таъсис ёфтааст ва  айни ҳол 17752 гектар масоҳат дорад. Бинои маъмурии мамнӯъгоҳ дар маркази ноҳияи Фориш – шаҳраки Боғдон ҷойгир аст. Вай соли 2017 пурра таъмир шуд ва барои ходимонаш шароити мусоид фароҳам омад.
Замоне дар ин мамнӯъгоҳ Ҷумъа Тағоев, Фармон Алимов, Азизқул Алибоев ва ғайра кор кардаанд, ки мо онҳоро ба некӣ ёд мекунем. Алҳол Парда Мӯсоев, Умар Бердиев, Тӯйчӣ Ҷиянов, Олим ва Норбой Самаровҳо, Минглӣ Ҳоҷиев, Акрам ва Шокир Сироҷовҳо, Амонқул Маликов бо масъулиятшиносӣ машғули коранд.
Силсилакуҳҳои Нурато дар қаламрави Осиёи Марказӣ маълуму машҳур аст. Азбаски дар мобайни қаторкӯҳҳои Помиру Олой ва дашти Қизилқум мавқеъ дорад, иқлимаш континентал, дар тобистон гарми хушк, дар зимистон сард буда, релъефи кӯҳии он ниҳоят мураккаб аст. Миқдори солонаи боришот 300-400 миллиметрро ташкил медиҳад.
Дар ин ҳудуд навъҳои мухталифи ҳайвонот ва набототи нодир мавриди муҳофизат қарор гирифтаанд.
Даҳ навъи паррандаҳои муқим ва ҳашт намуди мурғони сайёр ба «Китоби Сурх»-и Ӯзбекистон ворид гардидаанд. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ 14 навъи паррандаҳои ёбоӣ мавҷуданд. Лаклаки сиёҳ, якчанд намуди уқоб аз он ҷумлаанд. Он 34 навъи ҳайвоноти ширхор дорад. Ғайр аз ин, дар ин ҷо якчанд намуди мор ва дигар хазандаҳо вомехӯранд. Дар мамнӯъгоҳ ҳайвони асосии ҳимояшаванда гӯсфанди Северсев ва оҳу буда, алҳол пайи нигоҳ доштану афзун гардондани саршумори онҳо кӯшиш карда мешавад. Зеро дар миёнаҳои қарни бистум ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтани саршумори ин ҷонварон ба мушоҳида расидааст. Аз солҳои аввали таъсис ёфтану мавҷудияти мамнӯъгоҳи мазкур механизми ҳифз кардан ва афзудани саршумори ҳайвонот ва хелҳои набототи нодир таҳия ва коркард гардидааст.
Дар фасли зимистон ходимону нозирони кӯҳ ғурму оҳувонро  назора мекунанд ва дар зарурат ба манзили онҳо ему хошок мерасонанд.
Бояд гуфт, ки таъминсозии гуногунрангии биологӣ, ҳифзи олами рангини  флора ва фауна аз вазифа ва ҳадафҳои асосӣ ба шумор мераванд. Ходимон барои ин саъю ҳаракат мекунанд.
Онҳо мониторинг (таҳлил)-и доимии олами ҳайвоноту набоботи онро мегузаронанд. Роҳҳои популятсия (афзоиш додан)-и навъҳои нави рустанӣ ва ҳайвонотро меомӯзанд.
Барои баланд бардоштани сатҳи донишу маънавияти кормандон мунтазам кор бурда мешавад. Ходимон ҳар сол ба нашрияҳои дӯстдоштаи худ, аз ҷумла ба рӯзномаи  «Овози тоҷик» ҳам обуна мешаванд.

Бахтиёр ҚОСИМОВ,
Муродбек ЮЛДОШЕВ,
ходимони пешбари мамнӯъгоҳ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: