Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба масъалаҳои рушди суботнок ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаҳои иқтисодиёт ҷамъомад баргузор намуд.
Ба туфайли татбиқи самтҳои бартариноке, ки роҳбари давлат муайян намудааст, аз он ҷумла чорабиниҳо дар бобати трансформатсияи корхонаҳои калон, ба кор андохтани «нуқтаҳои рушд»-и минтақаҳо, таъмини аҳолӣ бо шуғл фаъолнокии иқтисодӣ дар соҳаҳо ва ҷанбаҳо инкишоф меёбад.
Аз он ҷумла, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба беш аз 60 фоиз интизор меравад. Нақши калидиро дар ин инкишофи ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ қариб ба 10 фоиз, ки интизорӣ меравад ва то 3,5 миллиард доллар расондани содирот аз ҳисоби дастгирии фаъолонаи соҳибкорӣ ва таъмини суботноки захираҳои энергетикӣ дар мавсими зимистона мебозад.
Ҳамзамон дар шароити афзудани рақобат дар бозори беруна тақозо мегардад, ки соли 2024 ба ҷараёнҳои асосии сохтмони зербинои иқтисодиёти бозаргонӣ хотима дода шуда, ба дараҷаи сифатан нав баровардани иқтисодиёт таъмин гардида, истиқлолияти молиявӣ ва суботнокии корхонаҳо баланд бардошта шавад.
Бинобар ин дар ҷамъомад натиҷабахшии чорабиниҳои андешидашуда доир ба оптимизатсияи харҷи корхонаҳои калони давлатӣ, сарфаи захираҳои энергетикӣ баррасӣ гардиданд. Бо назардошти вазъияти мураккаб дар бозори ҷаҳонӣ вазифаҳои мушаххас доир ба афзоиши даромад аз содирот, мустаҳкам намудани қобилияти пардохти корхонаҳо, коҳиш додани қарзи дебиторӣ ва бартарафсозии афзоиши харҷи беасос гузошта шуд.
Ба татбиқи пурвусъати потенсиали содироти соҳаҳо ва минтақаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд. Дар заминаи ба вуҷуд овардани шароити муносиби истеҳсолӣ ва занҷири логистикӣ барои соҳибкорон барои баромадан ба бозори беруна, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот вазифаҳо гузошта шуд.
Роҳбари давлат ба масъалаи суботнокии нарх дар бозори дохила таваҷҷуҳ намуда, ногузирии вусъат додани маҳаллисозии маҳсулоти мавриди истеъмол, ҳамдастӣ ба корхонаҳо дар бобати афзудани иқтидорҳои истеҳсолиро таъкид намуд.
Ногузирии истифодаи васеи имконоти минтақаҳои саноатӣ ва кооператсия барои татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, дастгирии тавлидгари ватанӣ таъкид шуд. Ба аҳамияти эътибори баланд ба истеҳсоли маҳсулот бо арзиши изофаи баланд ва фароҳам овардани ҷойҳои кор ишора гардид.