Президент ба Арабистони Саудӣ рафт

Бо даъвати Ходими ду масҷиди муқаддас – Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд субҳи имрӯз, 17 август, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар бо ташрифи давлатӣ рафт.

Аввалин банди барномаи будубош дар Шоҳигарӣ зиёрати шаҳри Мадинаи барои тамоми олами мусулмонӣ муқаддас  хоҳад буд.

Нимаи дуюми рӯз сарвари давлати мо ба шаҳри Ҷидда меояд, ки дар ин ҷо чорабиниҳои расмии мулоқоти сатҳи олии Ӯзбекистону Саудӣ баргузор мешаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: