ЯГОН МУРОҶИАТИ АҲОЛӣ БЕЭЪТИБОР НАМЕМОНАД

Солҳои пеш қисми зиёди муроҷиати шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом идора, ташкилот ё корхонаву коргоҳ марбут буд, ҳалли худро намеёфт.

Ё худ барои муроҷиат ва ҳаллу фасли онҳо бисёр вақт, ҳатто солҳо сарф мегардид. Ҳоло бошад, бинобар ғояи неки Президент Шавкат Мирзиёев «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат намоянд» масъала ранги дигар гирифтааст.
Дар вилояти Сирдарё гузаронидани қабули сайёр ба ҳукми анъана даромадааст. Мардуми вилоят пешакӣ огоҳ карда мешаванд ва ҳоким бо раҳбарони мутасаддии вилоят ба маҳаллаҳо ташриф фармуда, тавассути ин қабул муаммоҳои маҳалла омӯхта шуда ва дар доираи имкон муаммоҳо ҳал карда мешавад.
Чунин қабули сайёр бо ташаббуси ҳокими вилоят Акмалҷон Маҳмудалиев дар бинои «Маркази ҷавонон» баргузор гашт. Дар ҷараёни қабул 50 нафар шаҳрванд бо 65 масъала муроҷиат намуданд. Қисми асосии муаммоҳои онҳо мисли ҳарвақта оид ба кумакпулӣ, нафақа, хонаву ҷой, вомҳои имтиёзнок, таъминоти газу барқ, мумфарш кардани роҳ, замини наздиҳавлӣ, ҳифзи саломатӣ алоқаманд буд. Аз масъалаҳои ба миён гузошташуда 22 тояш дар ҷояш ҳал карда шуд. Дар қабули сайёр соҳибкор аз шаҳри Гулистон Баҳодур Шодмонов ба ҳокими вилоят барои гирифтани воми имтиёзнок муроҷиат кард. Роҳбари сектор ба дӯши мутасаддиён барои ҳалли муроҷиати ӯ вазифаҳо гузошт. Сокинони маҳаллаи шаҳр Азиза Маҳмудова ва Фарзона Абдусаломова  бо арзи ба кор таъмин шудан муроҷиат кард. Муроҷиати ҳар ду дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.
Оре, ҳоло ягон муроҷиати аҳолӣ беэътибор намемонад. Чунон ки дар қабулҳои  сайёр қисми зиёди муроҷиатҳо ҳалли худро ёфтанд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: