КОРХОНАИ НАВИ САЗАҒОН БА КОР САР КАРД

Дар мавзеи Сазағони минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» заводи истеҳсоли воситаҳои кимёвии ҳифзи растаниҳо – корхонаи муштараки «Шелково Агрохим-Ӯзбекистон» ба кор даромад.

– Дар замони имрӯза, ки дар саросари ҷаҳон тағйирёбии иқлим, ифлосшавии муҳити зист аз ҳисоби газҳои зараровар мушоҳида мешавад, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст, – гуфт роҳбари корхона Салис Каракотов. – Дар чунин шароит дар соҳаи кишоварзӣ татбиқи муштараки илму фан ва технологияҳои замонавӣ талаб карда мешавад. Корхона низ бо мақсади афзунсозии ҳосилнокӣ тавассути истифодаи дурусти замин ташкил гардид. Воситаҳое, ки дар ин ҷо тайёр карда мешаванд, бо такя ба илму инноватсия истеҳсол мегарданд. 
Дар асоси лоиҳа, ки арзиши умумиаш ба 30 миллион доллари амрикоӣ баробар аст, дар 5 гектар майдон заводи истеҳсолӣ бунёд гардид. Дар се коргоҳи асосӣ ва як ёрирасон 50 намуди воситаҳои кимёвӣ истеҳсол карда мешавад. Сехҳо бо технологияҳои замонавии давлатҳои Аврупо таҷҳизонида шудаанд ва корҳои асосӣ бо ёрии технологияи автоматикунонидашуда иҷро мегарданд. 
– Азбаски аз меҳнати дастӣ кам истифода мебарем, 15-20 нафар дар як рӯз метавонанд то 40-45 тонна маҳсулот истеҳсол кунанд, – гуфт сартехнологи корхона Шерзод Абдуаҳадов. – Аммо баробари ба кор даромадани завод қариб 100 нафар сокини ноҳияҳои Нуробод ва Самарқанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Қисми асосии маҳсулоти мо, ки барои ҳифзи растаниҳо аз зараркунандаҳои гуногун ва афзунсозии ҳосилнокӣ пешбинӣ шудаанд, экспорт мегарданд.
Дар корхона дар асоси нанотехнология лабораторияи замонавӣ ташкил гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва геактивҳо таъмин карда шудааст. Дар оянда дар ҳудуди завод бунёди сехҳои иловагӣ ва афзунсозии намуд ва ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар назар аст.
Бино ба маълумотҳо ҳоло дар мавзеи Сазағони минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» 14 лоиҳаи инвеститсионӣ бо арзиши умумии 80 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад. То ҳол 10 лоиҳаи 52,4 миллион долларина амалӣ гардида, 500 ҷойи корӣ ташкил карда шуд. Бояд гуфт, ки дар давоми 10 моҳи сипаришуда аз тарафи ин корхонаҳо маҳсулоти 151 миллиард сӯмина истеҳсол гардида, бо арзиши 6 миллион доллари амрикоӣ содир шудааст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: