МЕҲРУ МУШТАРӢ

Яке аз муаллифони ин сатрҳо охирин бор моҳи сентябри соли 2008 аз Самарқанд боздид карда буд.

Дар толори театри ба номи Навоӣ 1150-солагии саромади адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил менамуданд. Аз камина – намояндаи  Панҷакент низ хоҳиш намуданд, ки сухан гӯям. Аз ҷойгоҳи  Устод Рӯдакӣ дар адабиёти ҷаҳон, яке аз нуқтаҳои муҳими пайванди азалии порсигӯёни ду тарафи марз, фарзанди Панҷакент, он замон музофоти Самарқанд будани ӯ сухан гуфтам, шеърҳои устодро қироат намудам, китобҳоеро, ки дар Тоҷикистон ба ифтихори ин ҷашнвора ба нашр расида буд, ба дӯстон туҳфа кардам.
Он рӯз номи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишер Навоӣ низ чун тимсоли дӯстии ду халқ вирди забонҳо буд. Рафоқату дӯстии бузургони ду миллатро адабиётшиноси тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Меҳру муштарӣ» гуфтааст. Воқеан, муносибати дӯстонаву равобити адабии ин ду шоиру мутафаккири бузург аз ҷониби ховаршиносони русу тоҷик ва ӯзбек тадқиқ шудааст. Тибқи ин тадқиқот равобити бевоситаи Алишер Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ, ки чун олиму шоири тавоно ва пири тариқат шуҳрат дошт, ба сифати шогирд ва мухлис дар Ҳирот соли 1464 оғоз гардида, то охири умри онҳо идома ёфтааст.  Шогирду устод дар ҳама лаҳзаҳои умр паҳлӯи якдигар қарор доштанд.
Ба таъкиди Алии Муҳаммадии Хуросонӣ «Ҳар гоҳ сухан аз боби муҳити адабиву фарҳангии нимаи дуюми қарни XV Ҳирот равад, пеши назар дафъатан чеҳраҳои ду ситораи  нуронӣ, ду муҷассамаи  бузурги хирад, ду раҳнамои маъруфи адабиёту фарҳанги ин давра, ду заҳматкашу ҷонфидои халқу миллат, симоҳои абадзинда – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ падид меояд».
Бале, номи ин ду шахсияти бузург ба рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек табдил ёфтааст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳама корҳое, ки вазиру шоир Алишер Навоӣ анҷом медод, маслиҳатгару мушовир низ будааст. Устод Садриддин Айнӣ навишта, ки борҳо Алишер Навоӣ аз дасти душманон ба танг  омада, мехост тарки дарбор намояд, «аммо ба ин кори ӯ Ҷомӣ розигӣ намедод ва ҳар чӣ ҳам бошад, дар дарбор ва дар мансабу вазорат будани ӯро барои мамлакат фоиданок медонист».
Баъди тарки дарбор муносибати устоду шогирд боз ҳам қаринтар гашт ва Алишер Навоӣ ба фирқаи Нақшбандия, ки ба он устодаш роҳнамоӣ мекард, дохил шуд.
Алишер Навоӣ дар ҷанозаи фарзанди устодаш паҳлӯи ӯ қарор дошт. Дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» чунин навишта: «Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ – он соҳибдили бузургвор ва соҳибкамоли  нубувваткирдор, ин хоксори парешонрӯзгорро бо илтифотҳои азим сарбаланд ва бо навозишҳои ғариб арҷманд карда, дар байни абнои ҷинсаш сарфароз, балки аз ҷинои башар мумтоз менамуданд».
Ба иқрори худи Алишер Навоӣ ӯ асарҳояшро амалан бо маслиҳати устодаш эҷод кардааст. Масалан, дар сабаби эҷоди «Хамса», ки ба таъкиди устод Айнӣ «яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классики Шарқ аст» худи Алишер Навоӣ гуфта:
Форсӣ чун гашт дар эшон адо,
Туркӣ кунам нест аҷаб ибтидо.
Форс чу хурсанд шуд аз он гуҳар,
Турк ҳам ар шод шавад хубтар.
Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ маро.
 (Тарҷумаи устод Айнӣ)
Воқеан, Алишер Навоӣ таълимашро ба забони арабию форсӣ гирифта, аз худ осори зиёде ба форсӣ-тоҷикӣ бо тахаллуси Фонӣ боқӣ гузошта, ки адабиётшиноси фақид Аълохон Афсаҳзод дар рисолаи «Пайванди қарнҳо» бахшида ба осори Навоӣ, онро аз 11 қасида, 485 ғазал, 36 қитъа, 68 рубоӣ, 500 муаммо ва дигар анвои шеър иборат медонад. Ғазалҳои форсии Алишер Навоӣ ба таъкиди Афсаҳзод хеле дилчаспанд. Ба ин байтҳо таваҷҷӯҳ намоед:
Паймонаи май ҷӯён, рафтам сӯи майхона,
Берун наравам з-он ҷо, пур нанмуда паймона.
Шайхони мувоҷотӣ, риндони хароботӣ,
Ҷӯянд туро, ҷоно, дар каъбаву бутхона.
Чунин мисолҳоро, ки намунаи  ҳунари волои Алишер Навоӣ аст, зиёд овардан мумкин.
Ба таъкиди сарчашмаҳо Алишер Навоӣ ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ аз осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Ҳоқонӣ, Аттор, Саъдӣ, Мавлоно Балхӣ, Амир Хисрав, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ беш аз 50 ҳазор байт аз ёд медонист. Алишер Навоӣ ҳанӯз дар понздаҳсолагӣ чун шоир шинохта шуда, ба ду забон – туркӣ ва форсӣ шеър мегуфт. Худи ӯ фармуда:
Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст,
Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин, чун бингарӣ,
Гӯиё дар растабозори сухан бикшудаам,
Як тараф дуккони қаннодиву як сӯ заргарӣ.
Дар рӯзи вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ бошад, Алишер Навоӣ соҳибазо маҳсуб мешуд ва ин марги ҷонсӯзро дар таркиббанди машҳураш, ки бо матлаи зер оғоз меёбад, тасвир кардааст:
Ҳар дам аз анҷумани даҳр ҷафои дигар аст,
Ҳар як аз анҷуми ӯ доғи балои дигар аст.
Ба рағми ҳама истибдоди таърих мардуми ин ду диёр, ки замоне сарзамини воҳид доштанд, бо ҳам мезистанд. Умеди мо ба он аст, ки  эҳёи робитаю ҳамкориҳо, дӯстию қаробатҳо ба нафъи истиқлолияти ҳарду кишвар бошад.
Ҳоло сокинони Панҷакент ҳамарӯза аз дидори дӯстону ҳамзабонони самарқандӣ баҳра мебардоранд. Дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм-Ҷартеппа дар симои онҳо дӯстонро мебинанд ва ҳамин тавр дӯстона пазироӣ мекунанд. 

М. ДӮСБОЕВ, 
Т. СОЛЕҲЗОДА, 

шаҳри ПАНҶАКЕНТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: