ИҚТИДОРИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДӢ, САРМОЯВӢ ВА САЙЁҲИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУҒУЛИСТОН НАМОИШ ДОДА ШУД

Намояндагони Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Пекин дар Улан-Батор муаррифии иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва сайёҳии кишвари моро баргузор карданд.

Дар чорабиние, ки бо дастгирии Палатаи савдову саноати миллии Муғулистон ташкил гардид, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ ва сайёҳии ин мамлакат иштирок намуданд.
Иштирокдорон бо ҷараён ва моҳияти ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар соҳаҳои мухталифи Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, шинос карда шуданд. Ҳамчунин дар бораи навгониҳои соҳаи соҳибкорӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоявӣ, шароитҳои мусоид ва бартариҳое, ки дар кишвари мо барои сармоягузорони хориҷӣ фароҳам оварда шудаанд, маълумоти муфассал пешкаш гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид шуд, ки молҳои хоҷагии қишлоқ, техникаҳои маишӣ ва истеҳсоли доруворӣ, ки дар Ӯзбекистон коркард мешаванд, бо рақобатбардории худ дар бозорҳои Муғулистон тафриқа доранд ва бинобар сифати олӣ ва замонавиашон ба талаботи истеъмолгарон ҷавобгӯ мебошанд.
Ҳангоми мулоқот бо вакилони ширкатҳо масъалаҳои вобаста ба пешбурди тиҷорат дар Ӯзбекистон, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти мамлакати мо дар Муғулистон баррасӣ шуданд. Бобати татбиқ намудани лоиҳаҳои ҳамкории муфиди тарафайн дар соҳаҳои гуногун муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Наворҳои видеоӣ ва маводи муаррифӣ бахшида ба имкониятҳои сайёҳии Ӯзбекистон низ ба эътибори иштирокдорони чорабинӣ пешкаш карда шуданд.
Дар навбати худ президенти Палатаи савдову саноати миллӣ Дашстэрэнгийн Энхтувшин  эътибори ҳозиронро ба зарурияти минбаъд инкишоф додани ҳамкориҳои байни Муғулистон ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои савдою иқтисод, сармоя ва сайёҳӣ ҷалб намуда, зикр сохт, ки кишвари ӯ барои ҳамкории қарин бо ҷониби Ӯзбекистон бинобар истифодаи васеъ ва татбиқ сохтани имкониятҳо дар соҳаҳои мазкур омода мебошад.

АИ «Дунё»,
шаҳри УЛАН-БАТОР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: