Ҷараёнҳои сиёсии кунунӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон боиси рағбати зиёд дар хориҷа мегарданд.
Бинобар баҳои намояндагони коршиноси байналхалқӣ ва ҷомеаи соҳибкор, ба шарофати ташаббусҳои рӯзмарраи худ бобати масъалаҳои муҳитарини ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, Ӯзбекистон нафақат дар Осиёи Марказӣ, балки умуман дар арсаи байналхалқӣ, пешоҳанги танзимгар гардид.
Директори Барномаи байналхалқии магистрии «Меъморӣ ва мероси фарҳангӣ»-и Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалт, профессор Рудолф ЛУКМАНН (ҶФО):
– Ҳамкории байни Олмон ва Ӯзбекистон аз қаъри асрҳо ибтидо мегирад. Дар таърихи ҳамкории олмониву ӯзбекистонӣ дар сатҳи олӣ чандин ташрифҳои байниҳамдигарӣ сурат гирифтааст. Ман хеле хуб дар ёд дорам, ҳангоми яке аз сафарҳои навбатии расмии худ Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер гуфта буд: «Ҳоло ҳама танҳо дар бобати ҳолатҳои манфӣ, оид ба мушкилот, дар бораи он ки ҷаҳон торафт бад мешавад, ҳарф мезананд, вале шумо ба Ӯзбекистон нигоҳ кунед, бубинед, ки ин кишвари ҷавон бо чӣ гуна эътимод инкишоф меёбад, чӣ тарз бо роҳи дуруст бомуваффақият пеш меравад. Ҳангоме ки ба пешрафти муттасили Ӯзбекистон нигоҳ мекунед, дарк менамоед, ки чӣ гуна ин олам барои ояндаи дурахшон умед мебахшад».
Ман фикр мекунам, ин баҳои беҳтаринест, ки ба ҳамкории кунунии дуҷонибаи мо дода шудааст. Ин суханон ҳамчунин аз рӯшодӣ ва ниятҳои самимии роҳбарони давлатҳои мо ва омодагии онҳо ба фаъолона амиқсозии шарикии маҷмӯӣ ва бисёрҷанба бо Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Тавре ки ман медонам, ба қарибӣ ба Сарқонуни Ӯзбекистон тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуданд. Бовар дорам, ки дар натиҷаи қабул гардидани Сарқонуни нав пешрафти кишвари шумо ҷараёни нав пайдо мекунад. Ин ба Ӯзбекистон такони пурқувват мебахшад, мардум аз натиҷаҳои пурмуҳтаво ва мусбати навсозӣ беш аз пеш илҳом мегиранд.
Вобаста ба ҳамкории соҳаи инсонпарварӣ мехостам ҷиҳатҳои зеринро қайд намоям. Донишгоҳи мо аз мактабҳои олии давлатии Олмон ба шумор меравад, барномаи таълимии он аз ҷониби тамоми ҷомеаи байналхалқии зиёӣ эътироф гардидааст. Инро он санад тасдиқ менамояд, ки алҳол беш аз 50 фоизи донишҷӯёни мо хориҷиён мебошанд. Ҳоло дар мо даҳҳо барномаҳои муштараки таълимии байналхалқӣ бо дигар мактабҳои олии хориҷӣ коркард шудаанд. Соли 1998 мо ҳамкориро бо Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Тошканд низ ба роҳ мондем. Онро бо табодули ҳайатҳои профессориву омӯзгорӣ оғоз намудем. Соли 2020 барномаи дарёфти «дудиплом»-ро ҷорӣ кардем, ки бинобар он донишҷӯён метавонанд дар ҳар ду мактаби олӣ таълим гиранд ва соҳиби ду диплом шаванд. Ин ташаббус дар самти мазкур тӯли тамоми таърихи ҳамкории мо аз ҳамкориҳои бомуваффақият гардид.
Акнун мо ба нақша гирифтаем, ки чунин муносибат ва ҳамкориро бо дигар донишгоҳҳо, ки дар соҳа-ҳои тахассусӣ, аз ҷумла, мошинсозӣ, электротехника ва кишоварзӣ амал мекунанд, истифода бубарем. Барои ин таҷриба ва имкониятҳои зарурӣ дорем. Чунин лоиҳаҳо дар тайёр кардани мутахассисон бинобар соҳаҳои зикршуда саҳми назаррас мегузоранд. Бешубҳа, ҷорӣ намудани чунин барномаҳои муштараки таълимӣ низомҳои дахлдори оид ба инсонпарварӣ ва ғайраи ҳар ду мамлакатро беш аз пеш қарин месозанд.
Якҷо бо табодули дониш ва таҷрибаи якдигар мо метавонем усулҳои самарабахш ва пешқадамро кор карда бароем. Ғайр аз ҷиҳатҳое, ки дар боло зикр шуданд, дар соҳаи таълими байни донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Олмон боз бисёр пешомадҳои дигаре мавҷуданд. Моро танҳо саъю кӯшиш лозим аст, ки онҳоро татбиқ намоем..., шавқу рағбатҳо бошанд, дар ҳар ду ҷониб, бидуни шубҳа, зиёданд.
Ноиб-президенти Палатаи савдову саноати Русия Владимир ПАДАЛКО:
– Аввало, мехоҳам ҳамкорони ӯзбекистониамонро бо баргузории бомуваффақияти интихоботи президентӣ ва қабули Сарқонуни нав муборакбод намоям.
Эътидол дар Ӯзбекистон омили муҳим барои сармоягузорон ва шарикони корчаллон мебошад.
Алҳол муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳои мо воқеан пеш мераванд, ки ба ҳамкориҳои тарафайни иқтисодӣ таъсири хуб мерасонанд. Ҳоли ҳо-зир пешрафти табодули моли байни кишварҳои мо тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад, пешбинӣ мегардад, ки то охири сол нафақат натиҷаи соли гузашта ба даст меояд, балки ба дараҷаи баландтаре муваффақ мешавем.
Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, тоҷирони Русияро бо имкониятҳои нав ҷалб месозанд. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 210 корхонаи Русия ба Ӯзбекистон ҳамчун ҷойгоҳи асосии худ, имконияти кооператисияи бузурги саноатиашон баҳо медиҳанд.
Ширкатҳои бузурги Русия дар бозори Ӯзбекистон кор мекарданд ва кор мекунанд, ин ширкатҳои азим аллакай ба дастгирии махсус ниёз надоранд, онҳо ҳамеша нуқтаҳои ҳамгироиро дарёфт карда метавонанд. Ҳоло дар соҳаи тиҷорати миёна пешрафти азим ба назар мерасад, ба ин муносибат нақшаҳои воқеан бузург тарроҳӣ мешаванд.
Сардори Маркази тадқиқотии «Як камар ва як роҳ»-и Донишкадаи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Гао ХАНСЮН:
– Ба шарофати барномаи нави ошкоро, пурмуҳтавои минтақавии Президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон «маҳак»-и эътидол ва пешрафт дар Осиёи Марказӣ гардид.
Солҳои охир ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолона пеш мераванд, ки иқлими куллан нав дар минтақа натиҷаи он гардид. Мо дар ин маврид пешрафти ҳамкории тарафайни байни Ӯзбекистон ва давлатҳои Осиёи Марказиро дар шакли нав мушоҳида менамоем, ки ба рушд ва шукуфоии муштарак мусоидат мекунад.
Таъкид менамоям, ки Чин ва Ӯзбекистон муносибатҳои чандинҳазорсолаи таърихӣ доранд. Тӯли асрҳои зиёд кишварҳои мо робитаҳои фаъолонаро дар соҳаҳои тиҷорат ва мубодилаи мадании Шоҳроҳи абрешим дастгирӣ кардаанд.
Алҳол муносибатҳои дуҷонибаи байни давлатҳои мо, ба шарофати ҳаммонандӣ ва қаробати вазифаҳое, ки дар доираи Стратегияи рушди Ӯзбекистон ва ташаббусҳои «Як камар ва як роҳ» пеш мераванд, ба дараҷаи куллан нав, дараҷаи олии ҳамкорӣ расиданд. Ҳамаи ин барои рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои ӯзбекистониву чинӣ асоси мустаҳкам фароҳам меоварад.
АИ «Дунё».