Дар ноҳияи Риштон бо иштироки муовини Нахуствазир Ҷамшед Қӯчқоров бахшида ба татбиқи барномаи «20 ҳазор соҳибкор – 500 ҳазор мутахассиси соҳибихтисос» ҷамъомади васеъ баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад роҳбарони тамоми идораву ташкилотҳо ва бонкҳои тиҷоратӣ, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, масъулини идораҳову ниҳодҳои дахлдор, соҳибкорон ширкат намуданд.
Масъалаи асосӣ иҷрои Барномаи давлатии бинобар фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳо оид ба ташкили ҳамкории мутақобилан судманд бо сохторҳои соҳибкорӣ ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ба доираи баҳсу баррасӣ кашида шуд ва перомуни он фикру ақидаҳои зиёд иброз гардид.
Пеш аз ҳама, дар ҷамъомад ҳамон маънӣ зикр гардид, ки дар асоси фармони мазкури Президент ба масъалаи ба сатҳи нав баровардани раванди мубориза бо камбизоатӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ ба ин раванд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин дар заминаи ҳамкориҳои судманд фароҳам овардани шароити мусоид низ ҳамчун масъалаҳои муҳими рӯз муҳокима карда шуд.
Муовини Сарвазир ба иштирокчиёни ҷамъомад маълум кард, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони фарғонагӣ аз мушкилиҳои мавҷудаи онҳо хабардор гардид, доир ба пешниҳоду ташаббусҳое, ки тибқи тартиби муқарраршуда сурат гирифтанд, расонидани кумакҳои бевосита ба нақша гирифта шуданд. Инчунин ба масъулини идораҳои дахлдор ҷиҳати муайян намудани роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои дигар супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.