Дар Теҳрон биноҳо фурӯ рехт: як нафар вафот кард, даҳ нафар маҷрӯҳ шуд

Бар асари фурӯ рехтани панҷ биное, ки сохта мешуд, дар Теҳрон як нафар вафот кард ва 11 нафар маҷрӯҳ шуд. Ҳашт нафар ба бемористон бистарь гардида, ба се нафари дигар дар ҷои ҳодиса ёрии таъҷилӣ расонида шуд.

Шумораи умумии одамоне, ки дар зери харобаҳо мондаанд, муайян карда нашудааст.  Айни замон амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад. 

Ҳодиса ҳангоми вайронкунии биноҳои ғайриқонунӣ, ки ба қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ набуданд, рух додааст.  Кормандони полис ва хадамоти коммуналӣ дар зери харобаҳо мондаанд.  Полковники полисия бар асари захмҳои бардоштааш даргузашт, хабар медиҳад mir24.tv.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: