Дар Ню-Йорк барои муҳоҷирон соати комендантӣ ҷорӣ мекунанд

Мақомоти Ню-Йорк дар пайи шикояти сокинони маҳаллӣ аз талбандагӣ ва нооромиҳо дар чаҳор маркази будубоши муҳоҷирон соати комендантӣ ҷорӣ мекунанд.

Аз 16 январ сар карда дар марказҳои бошиши муҳоҷирон дар Ню-Йорк аз соати 23:00 то 06:00 соати комендантӣ ҷорӣ мешавад. Сабаби ин шикояти шаҳрвандоне, ки дар наздикии чунин марказҳо зиндагӣ мекунанд, аз талбандагӣ ва афзоиши ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирон будааст.

Шаҳрдорӣ гуфт, ки агар кори шабона ё таҳсил тақозо намояд, муҳоҷирон метавонанд барои озод шудан аз соати комендант муроҷиат кунанд. Бар замми ин, ҳангоми муроҷиат ба мақомоти адлия ё муассисаҳои тиббӣ  ба маҳдудиятҳо риоя накардан мумкин аст.

Ба вайронкунандагон чӣ таҳдид мекунад? Онҳое, ки дар давоми 30 рӯз се маротиба соати комендантиро вайрон мекунанд, аз марказҳо ихроҷ мешаванд ва баъдан депортатсия мешаванд.

Дар кадом марказҳо соати комендантӣ ҷорӣ хоҳад шуд? Шабакаи телевизионии ABC7NY хабар медиҳад, ки маҳдудият ба 1,9 ҳазор меҳмононе, ки дар марказҳои муҳоҷирон дар Квинс, Бруклин ва Манҳэттен қарор доранд, дахл хоҳад дошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: