Душанбе ба мизбонии нишасти навбатии минтақавии аъзои Муколамаи занони пешво дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мегирад

14 сентябр дар шаҳри Душанбе Мулоқоти минтақавии узви муколамаи занони пешво дар Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Ба даст овардани баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” баргузор мешавад.

Мулоқот дар чаҳорчӯби Мулоқоти панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, хабар медиҳад АИ «Дунё» бо истинод ба АМИТ «Ховар».

Мулоқоти мазкур аз ду ҷаласаи панелӣ дар мавзӯъҳои «Ба даст овардани баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» ва «Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» иборат хоҳад буд.

Аз рӯи масъалаҳои мавриди баррасӣ ва марбут ба татбиқи тадбирҳои мушаххас оид ба ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, иштирокчиён оид ба ҳамкорӣ тавсияҳо таҳия намуда, дар паи мулоқот аъзои муколамаи занони пешво дар Осиёи Марказӣ ба унвони сарони давлатҳо изҳорот қабул мекунанд.

Интизор меравад, ки иштирокчиёни Мулоқоти минтақавии аъзои муколамаи занони пешво дар Осиёи Марказӣ ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шаванд, аз маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан кунанд ва дар барномаи фарҳангии "Шоми дӯстӣ" иштирок намоянд.

Боздиди меҳмонон аз  НБО-и Норак низ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Муколамаи занони пешвои кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли 2020 бо ташаббуси Ӯзбекистон бо мақсади дастгирии занони минтақа, баланд бардоштани нақши сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тавсеаи имконоти онҳо барои иштирок дар қабули қарорҳои марбут ба   рушди устувор таъсис дода шудааст ва платформаи ғайрирасмии минтақавӣ мебошад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: