«ХИРАДМАНД» – РОҲКУШОИ ДУНЁИ МУҲАББАТ БА КИТОБ

Мо дар замоне зиндагонӣ мекунем, ки шабакаҳои интернет фаъол асту хурду калон бо он сарукор доранд.

 Вале ба ин дунёи маҷозӣ дохил шуда, роҳи худро гум мекунем, на ҳамеша метавонем он чиро диламон мехоҳад ба осонӣ пайдо кунем. Ба хусус, китобҳоеро, ки хонданбоб ҳастанду муфид. 

Ман ва дӯстонам ташнаи китобем, хеле мехоҳем беҳтарин китобҳои бадеиро пайдо карда мутолиа намоем. 
Хушбахтона, бо ёрии устодони  ботаҷриба Юнуси Имомназар, Анорбой Назаров, Дилмурод Қӯзиев, Тӯхтамиш Боқӣ, Абдукарим Шарифов ва дигар масъулони маҳфили интеллектуалии «Хирадманд» ба ин «дард»-и худ даво ёфтем. Орзуи деринаи мо бори аввал соли ҷорӣ ҷомаи амал пӯшид, ки нахустин ҷамъомади маҳфили «Хирадманд» дар мактаби мо – мактаби миёнаи 46-уми деҳаи Ӯхм баргузор шуда буд.  
Инак, шавқи китобхонӣ хонандагони мактабҳои миёнаи кӯҳпояамонро боз дар саҳни мактаби миёнаи 30-юми деҳаи дилрабои Сойхурд гирди ҳам овард. Шогирдони нӯҳ мактаби тоҷикӣ бори дигар дар озмун қувваозмоӣ карданд.
Мавзӯи мусобиқаи мо мазмуну мундариҷаи романи машҳури «Фирдавсӣ»-ро, ки ба қалами нависандаи бузург Сотим Улуғзода мансуб аст, фаро гирифт. Мо дар давоми чор-панҷ моҳ ин романро чандин бор мутолиа кардем. Аз ин рӯ, омодагиамон хубу пухта буд. Азбаски дар озмун шеърхонӣ ва хониши ифоданоки матнро низ месанҷиданд, мо ба достонҳои «Шоҳнома» низ рӯ овардем, чандин достони «Шоҳнома»-ро, ки устод Улуғзода ба наср баргардондааст, мутолиа намудем. 
Ин дафъа низ бозиҳои маҳфили «Хирадманд» бисёр ҷолибу дилнишин гузашт. Аъзои ҳар як даста саъй мекард ба саволҳои додашуда пурра ва фаҳмо ҷавоб диҳанд. Доварон ба қувваозмоии тамоми гурӯҳҳо баҳои муносиб доданд.
Дар мусобиқа ғолибият насиби дастаи мактаби рақами 13-уми деҳаи Порашт гардид. Онҳо ба се савол 45 холи заруриро ба даст оварданд. Дар ҳақиқат, ба ҷавобдиҳии онҳо ҳаваси кас меомад. Маълум буд, ки шабу рӯз китоби «Фирдавсӣ»-ро аз даст канор нагузоштаанд. Ҷойи дуюмро бошад, дастаҳои мактаби 43-юми деҳаи Эҷ ва мактаби 21-уми деҳаи Соб ишғол намуданд.
Хушбахтона, гурӯҳи мо – аъзои дастаи мактаби 46 низ бенасиб намонд. Донишу маҳорати китобхонии мо ва дастаи мунтахаби мактаби миёнаи рақами 30-ро ба ҷойи сеюм муносиб донистанд. 
Ин бор дар маҳфиламон аз рӯйи номинатсияҳои «Шеърхони беҳтарин» ва «Суханрони беҳтарин», ки ифоданок хондани шеър ва пораи насриро дарбар мегирад, хонандагони мактаби шумораи 43-юм – Фарзона Халилова ва Азиза Низомова дастболо шуданд. Ба хусус, Азиза порчаи «Макри Аҳриман»-ро чунон пурҷозиба азёд гуфт, ки ҳама ба сеҳри гуфтораш қоил омадем. Устод Пайғом ба ваҷд омада, романи «Фирдавсӣ»-ро, ки соли 1988 чоп шудааст ва дар китобхонаи шахсии худ нигаҳ медоштааст, ба ӯ ҳадя кард. 
Ман фикр мекунам, дар ин гуна маҳфилу бозиҳои зеҳнӣ, ҳамон тавре ки Юнуси Имомназар гуфт, гап дар сари  ҷой нест, балки муҳим он аст, ки шавқу завқи шогирдони мактаб ба китобу китобхонӣ баланд мегардад ва муҳимтар аз ин ҳам, ин гуна барномаҳо ба такмили забони модарӣ, ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносӣ мусоидат мекунад.
Сипосномаю тақдирномаҳои  раёсати маҳфил, ифтихорномаҳои Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ва Маркази миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах ва ҳамчунин ҳадя намудани чандин номгӯйи китобҳои бадеӣ ба маъракаи онрӯзаи мо ҳусни дучанд афзуд. 
Мо ба ҳамаи устодон ва ташкилдиҳандагони ин барномаи фарҳангию маърифатӣ изҳори ташаккур мекунем. Маҳфили «Хирадманд» бардавом бод!

Рамзия ДӮНАБОЕВА,
толибаи синфи 11-уми 
мактаби рақами 46-уми ноҳияи Фориш.

Вилояти ҶИЗЗАХ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: