СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА БАРНОМАИ СЕСОЛАИ НАВ

Ҳокими вилояти Қашқадарё Муротҷон Азимов зимни як мулоқот бо фидоиёни соҳаи таълим ва раҳбарони макотиби қаламрав аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки кунун қадри омӯзгорон дар ҷомеа назар ба даҳ соли пеш афзуда, онҳо ба табақаи мӯътабар ва пешгоми ҷомеа мубаддал гаштаанд.

Ин мулоқот дар шаҳри Шаҳрисабз иттифоқ афтод, ки зиёда аз 1200 нафар фидоиёни таълим ва раҳбарони дабистонҳоро аз тамоми гӯшаву канори вилоят гирдиҳам овард. Танҳо дар соли 2022 барои бо мебели замонавӣ таъмин намудани мактабҳои миёнаи вилоят 60 миллиард сӯм масраф гаштааст, ки ин нишондод дар қиёс бо 15 соли охир панҷ маротиба зиёд мебошад. 
Ҳоким далел овард, ки дар 20 мактаби миёнаи вилоят сифати таълим чунон поён омадааст, ки ягон нафар хатмкунандагони онҳо ба макотиби олӣ дохил нашудаанд. Аз рӯи нишондоди қабул ба донишгоҳу донишкадаҳо 147 мактаб дар «зинаи сурх»-и рейтинг қарор доранд, ки 13 дарсадро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи тарбият низ камбудиҳои зиёде мавҷуданд. Ҳолатҳое аниқ карда шудаанд, ки аз ҷониби кормандони соҳаи таълим маблағи маҳз ба пешрафти ин соҳа ҷудошуда тороҷ ва азхуд карда мешаванд. Ин амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба шаъни омӯзгор зебанда нест, боиси ташвиш аст.
Гуфта шуд, ки 40 дарсади муаллимони мактабҳои миёнаи вилоят тоифаи ихтисос надоранд ва ин албатта, ба сифати таълим таъсири бад мерасонад. 50 дарсади хонандагон намедонанд, ки минбаъд мактабҳоро хатм кардаву соҳиби кадом касб мегарданд.
– Акнун фурсат расидааст, ки омӯзгорони мо Муроҷиатномаи махсуси худро эълом медоранд, ки ба сифати таълим ва тарбия нигаронида шудааст. Дар амал татбиқ гардидани ҳар банди он таҳти назорат қарор хоҳад гирифт, – гуфт Азимов.
Вай гуфт, ки барои беҳбуд бахшидани шароити моддиву техникии мактабҳо дар Қашқадарё барномаи сесола қабул карда мешавад ва дар доираи ҳамин барнома худи соли 2023 аз ҳисоби буҷаи давлат 500 миллиард сӯм масраф хоҳад шуд. Аз ҳисоби ин маблағ барои 30 000 нафар хонанда ҷои таҳсил сохта шуда, 542 мактаб бо компутер муҷаҳҳаз мегарданд, 510 дабистон бо партаву тахтаи синф таъмин хоҳанд шуд. Танҳо барои беҳбудии сохтори гармидиҳии мактабҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 30 миллиард сӯм масраф хоҳад гардид.
Муаллимон аз ин пас бо меҳнати ҳалол, таълими босифати худ чаҳор рукни пойдевори Эҳёи сеюмро, ки ҳукумат оғоз бахшидааст, зинат хоҳанд дод.
Дар фарҷоми мулоқот ҳоким як идда кормандони соҳаи таълимро бо «Ифтихорнома»-ҳои ҳокимият сарфароз гардонд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: