... ТО БА НАВРӮЗИ ДИГАР МОРО РАСОН

Наврӯзи навбаҳор иди ниёгон аст.

Он аз масири таърих бо бисёр мамониат, манъкуниву зиддиятҳо рӯёрӯ шуду инак, то ба давраи мо бегазанд расид. Имрӯзҳо мардуми мо Наврӯзи оламро дар ҳама ҷо мутантан таҷлил менамоянд.
Ба мушоҳида мерасад, ки сокинони деҳоти тоҷикнишини қаторкӯҳҳои Нурато ҳар баҳор Наврӯзро гарм истиқбол мегиранд... Дар ҳар деҳу деҳкада иди Наврӯз шукӯҳу шаҳомат пайдо мекунад.
Пиру барно ба сайргоҳ баромада, шоҳиди рақсу  бозӣ, густурдани хони наврӯзӣ, танинандозии суруду тарона, гӯштӣ, бузкашӣ  мешаванд.
Дар мактабҳо ҳам аз рӯи барномаи махсуси омоданамудаи омӯзгорону шогирдони онҳо маҳфили идона барпо мегардад.
Аз ҷумла, саҳни мактаби мо ҳам идона оро ёфт. Хонандагон шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз ва умуман, зебоиҳои диёрро дар назди ҳозирон қироат намуданд.
Шаббона Собирова, Субҳидам Анорбоева ва дигарон чун ҳамеша дар ин маҳфилҳо ҳам фаъолона иштирок доштанд.
Сарвари мактаб Сарибой Ярашев ҳозиринро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Сипас ба якчанд нафар хонандагони аълохон ва фаъол  тӯҳфа ва ташаккурномаҳо супурд.
Наврӯз ба дилҳо сурур бахшид. 
Мо ҳама даст ба дуо  бардоштем, ки соли оянда низ Наврӯзро чун имрӯз  тантанавор таҷлил намоем.
Бо умеди боз як соли 
дигар,
Бо умеди боз як соли 
самар,
Мо ҳама ҳастем сӯят 
саҷдагар,
Эй Худованди замину 
осмон,
То ба Наврӯзи дигар моро 
расон!
Инчунин маросими наврӯзии «Сенздаҳбадар» ба унвони расми ҷамъбастии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта шудааст. Расми «Сенздаҳбадар», қабл аз ҳама бо зиндагии рӯзмарра ба ҳаёти воқеии мардумӣ вобастагӣ дорад ва баъди 13 рӯзи Наврӯз таҷлил мегардад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одати маросим, мардум дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд. Ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушҳолию хушнудӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғӯш мешаванд. Аз силсилаи саргармиҳои ҷашнӣ, ки ба «Сенздаҳбадар» тааллуқ дорад, маросими гиреҳ задани сабза ва бофтани «гултоқӣ» аз ҷониби духтарон (ба хотири бахткушоӣ ва ёфтани ҷуфти муносиб) то имрӯз роиҷ аст ва дар баъзе қаламрави ориёӣ иҷро мегардад. Байти мазкур аз ин маросим дарак медиҳад:
Сенздаҳ ба дар, 
Чордаҳ ба ту.
Соли дигар,
Хонаи шавҳар.
Дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ тобишҳое аз ин маросим бо номи «Сайри гули лола» ва «Сайри Ширбадан» тасвир шудааст, ки одатан санаи 13-уми моҳи фарвардин баргузор мегардад. Муҳити кӯҳсор, тамошои талу теппаҳо, сабзаю дарахтҳо, фазои атрогини баҳорӣ ҷисму рӯҳи инсонро навозиш мекунад. 
Ин маросим дар баъзе деҳаҳои кӯҳии тоҷикнишини Нурато низ бошукӯҳ гузаронда мешавад. 

Лайло САТТОРОВА,
тарғибгари корҳои эҷодӣ ва фарҳангии мактаби рақами 13-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: