КӮМАКИ НАВБАТИИ ИНСОНПАРВАРОНАИ ӮЗБЕКИСТОН БА АФҒОНИСТОН

23 декабр дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон маросими тантанавии супурдани бори инсонпарваронаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба халқи бародари Афғонистон баргузор шуд.

23 декабр дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон маросими тантанавии супурдани бори инсонпарваронаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба халқи бародари Афғонистон баргузор шуд.
Ин кӯмаки башардӯстона ба миқдори умумии зиёда аз 4 ҳазор тонна, ки дар таркиби он орд, биринҷ, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои эҳтиёҷоти аввал, сару либос, маснуоти бофандагӣ, ҳамчунин ангиштсанг ҳастанд, илтифоти навбатии иродаи неки мардуми Ӯзбекистон ба Афғонистон гардид.
Муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Шер Аббос Станикзай, ки дар маросим ба сухан баромад, аз номи тамоми мардуми Афғонистон ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои эътибори доимӣ, дастгирӣ, ҳамчунин ҳамраъияш дар ин рӯзҳои барои кишвар душвор миннатдории амиқ изҳор кард.
Махсус таъкид шуд, ки маҳз сарвари Ӯзбекистон, ки сиёсати ӯ аз ҷониби мардуми сермиллати мамлакат ҳамчун зуҳуроти воқеии инсонпарварӣ, бародарӣ ва некҳамсоягӣ пазируфта мешавад, аз ҷумлаи аввалинҳо дасти кӯмак дароз кард.
Аббос Станикзай изҳор дошт, ки мардуми Афғонистон муносибати бародаронаи роҳбари Ӯзбекистонро ҳамеша эҳсос мекард, бинобар ҳамин ҳам ҳокимияти нави мамлакат тамоми имкониятҳоро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ истифода мебарад ва аз ҷониби ҳудуди худ ба давлатҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Ӯзбекистон ба таҳдиде роҳ намедиҳад.
Ҳокими вилояти Балх Қудратулло Абӯ Ҳамза саривақтӣ будани ин кӯмаки башардӯстонаро зикр намуда, муҳимияти махсуси онро барои халқи Афғонистон дар мавсими зимистон таъкид кард. Ин кӯмак, бинобар суханони ӯ, боз як шаҳодати робитаҳои амиқи таърихӣ ва маънавии байни ду халқи бародар ба шумор меравад.
Намояндагони ҷомеаи Афғонистон, ки дар маросим ба сухан баромаданд, аз ҷумла арбобони шинохтаи ӯзбекони муқимӣ ба сарвари Ӯзбекистон барои кӯмаки бесобиқааш, ки ҳатто дар замонҳои душвортарин ҳам орзуву ормонҳои онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, бори дигар миннатдории самимӣ изҳор карданд, онҳо иброз доштанд, ки роҳбари кишвари ҳамсоя ҳамеша дӯсти ҳақиқии мардуми Афғонистон буд.
Қайд гардид, ки кӯмаки мазкур воқеан ба пешгирии гуруснагии оммавии мамлакат ва буҳрони мураккаби инсониву озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар чорабинӣ аз ҷониби ошпазони Ӯзбекистон палави хайрия тайёр карда шуд ва тамоми иштирокдорон, ҳамчунин миқдори зиёди намояндагони ҷомеаҳои Афғонистон аз он лаззат бурданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: