ҲАСРАТ

(Қиссаи тамсилӣ)

Дар адабиёти пурғановати форс-тоҷик жанри тамсил ё масал бесобиқа нест. Намунаҳои беҳтарини он «Калила ва Димна» (дар тарҷума ва такмили Ҳусайн Воизи Кошифӣ), «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридуддини Аттор ва «Баҳориёт»-и Сайидои Насафӣ ба шумор меравад.
Бино ба таърифи мутахассисони соҳа дар асари тамсилӣ ё масал хислатҳои гуногуни инсонӣ, ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои одамон тавассути гуфтор, рафтор ва кирдори паррандагон, ҳайвонот ва ҳодисаҳои табиат ба қалам дода мешавад.
Хонандагони  «Овози тоҷик» нависандаи боистеъдод Юнуси Имомназарро тавассути ҳикояҳои намакин, маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Ҷоми саргардон», «Аз санг сахт, аз гул нозук», «Се барги сабз» (китоби дастҷамъии се нафар), романи «Сурху сабз», «Деҳаи зархез» (фолклори деҳаи Эҷ), «Қиссаи ҳоҷӣ» ва сафарномаи «Аз гулгашти Мусалло то Нақши Ҷаҳон»-аш мешиносанд.
Нависанда чанде қабл қиссаи тамсилии наверо бо номи «Ҳасрат» ба идораи рӯзнома интиқол додааст. Ҳодиса ва воқеаҳои асар дар деҳае бо номи Аспобод ва манзилҳои гирду атрофи он ба вуқӯъ мепайванданд. Қаҳрамону персонажҳои он аспону харону маймунҳоянд. Муаллиф дар қисса хислату хӯйи гуногуни инсонӣ, ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои одамонро дар мисоли рафтор ва гуфтору  кирдори ҳайвонҳо ба қалам додааст.
Пайдост, ки дар муассиса, корхона ё хоҷагие роҳбарият нав шавад, кор ранги дигар мегирад, низому тартиби нав ҷорӣ мегардад, ки маҳсули часпу талоши инсонҳост бо роҳу шеваҳои мухталиф... 
Дар мисоли як деҳа, ё қаря тавассути образи ҳайвонҳо табиӣ ва боварибахш ба қалам додани хислатҳои гуногуни инсонӣ, мисли маҳалгароӣ, хушомаду чоплусӣ, чарбзабонӣ, хиёнату ҷосусӣ, зино, дурӯягӣ, муҳаббати поку беолоиши инсонӣ, содадилию поквиҷдонӣ, адолати иҷтимоӣ, рашк, нотавонбинӣ, зӯроварӣ ва ҳоказо аз нависанда маҳорат ва тавону салиқаро тақозо дорад. Чунин ба назар мерасад, ки муаллиф аз уҳдаи ин кор баромадааст.
Инак, баҳогузориро ба зиммаи ноқидон вогузошта, ҳиссаеро аз ин қиссаи марғуб ба хонандагони борикназар пешниҳод менамоем.

Бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик». 

 

...Бо ҳидояту роҳнамоиҳои қозӣ Пайкондам корҳои пулсозӣ бо авҷ идома меёфт. Акнун дар байни бошандагони Аспобод шиори «бародарӣ – баробарӣ» роиҷ шуд. Бӯзинаҳои русто ба думи аспон низ аробаҳои боркаширо бастанд. Хару аспу хачирҳо – чи нару чи мода, чи хурду чи калон, бо ҳам ба кашондани хоку гилу сангу шохаву болору сутунҳо... часпиданд. Дар ин миён аз гӯшаю канори гузарҳо бештар садои ар-ару ҳанг-ҳанги харон ба гӯш мерасид, гумон мекунӣ, ҳар як маҳал табдил ба харистон шудааст. Гӯшдароз ҳамтоёни худро бо навбат ба кор мегирифт, дигар мисли Ёлдор аспе набуд, ки аз як сар ҳамаи онҳоро машғул дорад. Аз ин рӯ, кабки харони пешинаю тозаомада мехонд, сафи бекорони онҳо аз машғулбудагон зиёдтар буд. Ба ҳар ҷое нигоҳ меуфтод, харе ё куррае сайругашт мекард, онҳо ҷастухезкунон пойи хурсандӣ ба замин мезаданду доди ҳангос ба осмон... 
Ҳарчанд аксари аспони бумӣ аз пайи тааддию муҷозоти сарварон ба тарсу ҳарос омада буданд, ҳанӯз ҳам чандин аспи худогоҳ намехостанд ҳайсияту асолати худро аз даст диҳанд. Онҳо тавонистанд танҳо то як ҳафта таҳаммул кунанд, маҷбур шуданд дандон ба дандон монда, ҳама ҳою ҳуйи шодиомези гӯшдарозонро бардошта гарданд. 
Шаби рӯзи ҳафтум даромаду аспони худогоҳ бо беқарорӣ қарори мулоқот карданд ва дар селобрави дараи Ниҳондара, ки аз чашми ҳама пинҳон буд, гирдиҳам омаданд. Бештар аспони хунгарму шуҷоъ ва онҳое, ки аслашон зотӣ буд, аз гузарҳои Бодпой, Тавсан, Ҷурда, Саманд ҷамъ шуданд. Суҳбати маҳрамона, таъйини роҳкори баъдина сурат гирифт. Калонсолтарин аспи бодпойӣ, ки Шуҷоъ ном дошт, бо шӯр гуфт: 
– Бо ин ҳол рустодорамон моро ба бунбаст мебарад, кам-кам аз мои соҳиб чизе намемонад! Ман мегӯяму шумо ба ҳар ду гӯшатон бишнавед, ошноён! Ин чӣ гап, аз миён як фасли сол нагузашта мо аз чандин ҳамроҳу пештози тавонои худ ҷудо шудем. Барои чӣ? Ба хотири чӣ? Ин гӯшдарозу ҳангиҳои дарбадар ба ҷони мо бало шуданд, ба ҳар куҷо нигоҳ мекунӣ аз ин зоти аблаҳ ба чашмат мехӯрад, гӯё «замин кафида каллаи хар баромадааст». Фикр мекунанд ин ҷо манзилу макони худашон аст, аз ҷавлон задану хушҳолӣ кардан сар намебардоранд. Ҳоло ба ин разилон ҳарф зану бин: сарварони худамон ҳамон замон ҳам ҷазо медиҳанд, ҳам кафши поятро дар пешат мегузоранд. Бо ин ҳол намешавад муросо кард!
Байтали ҷасури тавсанӣ ба исми Шабнам, ки бо зиракӣ ва ҳушёрии худ доиман дар саргаҳи Аспобод мегашт ва пайваста ба аспони дигар роҳкор нишон медод, аз шӯру қиёми Шуҷоъ ҷонибдорӣ карда гуфт: 
– Ҳар як сухани бародарамон ҳақиқат аст! Аз хоби гарон бархезед, самандҳои далеру пурдил! Мо набояд ба тақдири дӯстони шиканҷадидаамон бетараф бимонем, ин ниҳояти тарсуӣ ва лаинӣ аст! Ҳеч ба ақлам намеғунҷад, наход ки ба хотири ду-се хари аҳмақ мо азият кашем?! Ин чӣ бедодӣ аст, ин чӣ бетараҳҳумӣ аст, азизон?! Ҳоло фурсат дорем, бояд аз пайи Шуҷоъи бародар равем, дар ин дамҳое, ки ба сарамон мусибат уфтодааст, бо ҳам бошем, сарҷамъ шуда одоби ин аблаҳонро диҳем!
– Бале, ин меҳмонони нохондаро мезанем, аз рустоямон меронем! – бо таъкид гуфт Шуҷоъ.
Тӯдаи аспони ошӯбгар ба ӯ ҳамовоз шуда, чанд бор бо садои расо такрор карданд: «Мезанем, аз рустоямон меронем!», «Мезанем...!» 
(Давом дорад).
Юнуси ИМОМНАЗАР

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: