Пас аз 30 соли танаффус равуои поезди «Душанбе – Тошканд – Душанбе» барқарор гардид

21 июни соли ҷорӣ дар вокзали роҳи оҳани “Тошканд” маросими бошукӯҳи пешвоз гирифтани қатораи мусофиркашони “Душанбе – Тошканд – Душанбе” баргузор гардид.

Дӯстӣ бо мардуми доно накӯст... 
(Ҷалолиддини Балхии Румӣ).
Бо ташаббуси роҳбари давлат кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз мустаҳкам ва пойдории дӯстию бародарии халқҳои минтақа дарак медиҳад.
Ба роҳ мондани хатсайри қатораи мусофиркашони “Душанбе – Тошканд – Душанбе” барои мардуми ду ҷумҳурӣ воқеаи фаромӯшнопазир гардид. 

21 июни соли ҷорӣ дар вокзали роҳи оҳани “Тошканд” маросими бошукӯҳи пешвоз гирифтани қатораи мусофиркашони “Душанбе – Тошканд – Душанбе” баргузор гардид. Бояд ёдовар шуд, ки хатсайри қатораи мусофиркашони  байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз оғози соли 1990 қатъ гардида буд.
Ба роҳ мондани хатсайри мазкур ҳангоми ташрифи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки моҳи ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, пешниҳод гардида буд. Тарафҳо инчунин оид ба зиёд намудани роҳи нақлиёти ҳавоӣ, автобус, роҳи оҳан ва офаридани қулайиҳо дар ин самт шартнома бастанд. 
Дақиқаҳои ҳаяҷонбахш фаро расид. Соати 13:43 дақиқа қатораи мусофиркашони рақами 301/302 “Душанбе – Тошканд – Душанбе” ба вокзали “Тошканд” омада расид. Мусофирони аввалини он собиқадорони меҳнат, соҳибкорон, фаъолони маҳаллаҳо, журналистон, эҷодкорон ва намояндагони дигар соҳаҳои Тоҷикистон буданд.
– Албатта, ин чорабиниҳо идомаи дӯстию бародарии ду мутафаккири бузург – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ мебошад, ки ашъори мондагори онҳо асрҳо боз барои халқҳои тоҷику ӯзбек хидмат мекунад. Меҳмонони тоҷикистониро ба замини Ӯзбекистон хайрамақдам мегӯем. Роҳи мусофиркашони қатораи навбунёд ҳамеша бехатар бод, – гуфт сафири Тоҷикистон А. Раҳмонзода.
Ҷонишини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамад Мӯъминов таъкид намуд, ки қатораи мазкур ҳар ҳафта рӯзи душанбе аз шаҳри Душанбе ба роҳ баромада, рӯзи сешанбе соати 13:43 дақиқа ба Тошканд омада мерасад. Аз Тошканд рӯзи сешанбе соати 16:15 ба роҳ мебарояд.
Инчунин қайд гардид, ки масофаи роҳи оҳан аз Тошканд то Душанбе 916 км.-ро ташкил намуда, 21 соат ҳаракат мекунад. Қатора аз 10 вагон, яъне 4 вагони купе, 5 пласкарт ва вагон-ресторан иборат аст. Он дар байни шаҳру ноҳияҳои Душанбе – Қудуқлӣ – Сариосиё – Қумқӯрғон – Дарбанд – Деҳқонобод – Қаршӣ – Самарқанд – Ҷиззах – Гулистон – Тошканд ҳаракат мекунад.
– Ман бо ин қатора омадам. Гӯё дар хона нишаста бошам, беосеб, ором, хӯрду хӯрок, шустушӯй дар дарунаш. Мо инро 30 сол боз интизор будем. Ҳамсарам аз Ӯзбекистон, омаду рафт дар ин байн хеле мушкил шуд. Ҳатто ба тӯю маърака ё дигар маросимҳо сари вақт омада наметавонистем. Қариб ҳафтаҳо вақтамон дар роҳ мегузашт. “Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност” гуфтаанд. Ба роҳбарони ду мамлакат аз номи куҳансолон ташаккур мегӯям, – гуфт дар рафти суҳбат нафақахӯри тоҷикистонӣ Аҳад Тӯраев.
Меҳмонон ба автобусҳои махсус нишаста аз боғи “Ӯзбекистони Нав” ва дигар ҷойҳои ҷолиби диққати Тошканд дидан карданд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: