Соли 1924 дар арафаи тақсимоти маъмурӣ-миллии ҳудудҳои Осиёи Миёна бо талоши як гурӯҳ равшанфикрон дар Самарқанди бостонӣ бо номи «Овози тоҷики камбағал» рӯзнома таъсис ёфт, ки аз шумораи 10-ум калимаи «камбағал» аз он ихтисор шуд ва алҳол ҳамчун нашрияи Шӯрои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп мешавад.
Нахустин муҳаррири он машъалафрӯзи маърифат Абдулқайюми Қурбӣ, котиби масъул Саидризо Ализода, аъзои ҳайати таҳририя устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳоҷӣ Муин, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон буданд.
Навиштаи мо доир ба ҳаёт ва фаъолияти аввалин сардабири нашрия аст. Инҷониб хурсандам, ки замоне дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо набераи шодравон Абдулқайюми Қурбӣ – бонуи дарёдилу накӯкор Муборак Содиқова ошноӣ пайдо карда будам. Ба наздикӣ ӯ пас аз занг зада, масъалаи хешро фаҳмондан, кумаки беғараз дод ва камина дар бораи бобояш мақолае навиштам, ки аз зиндагиномаи соҳибҷашн муште аз хирвор асту халос.
Бубин, тафовути раҳ,
к-аз куҷост, то ба куҷо?
Самарқанди бостонӣ бо фарзандони фарзонаи худ ифтихор дорад. Яке аз онҳо машъалафрӯзи матбуоти тоҷик Абдулқайюми Қурбӣ аст. Хидматҳои софдилона ва беғаразонаи ин марди шарифу сарбаланд, бебоку ҷонфидо дар тарғибу эҳёи матбуоти миллӣ ҳамеша мавриди эътибор ва эҳтироми аҳли қалам қарор дошт ва дорад. Тазаккур бояд дод, ки бо гузашти айём аз ҷониби ҳамкорон, шогирдон ва муҳаққиқони сипосгузори мавсуф дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ, китобу рисолаҳои илмию тадқиқотӣ хотироту мақолаҳои ҷолиби диққат чоп шудаанд, ки дар онҳо хидмати шоистаи Қурбӣ воқеъбинона зикр гардидааст.
Бо вуҷуди ин оид ба зиндагиномаи сахту сангини соҳиби қалами тавоно, журналисти бебоку ҳозирҷавоб, шоири хушбаён, вале ҷабрдидаи режими замон Абдулқайюми Қурбӣ каломи нонавишта, суолҳои беҷавоб ҳанӯз зиёданд.
Ӯ аз ҷониби ҳукумат ҳам ба вазифаҳои масъулиятнок пешбарӣ шуду ҳам бо туҳмату тамғаи «душмани халқ» ба 10 сол паси панҷара гардид. Баъдан, хушбахтона номи некаш сафед шуд.
Абдулқайюми Қурбӣ, ки солҳои 1918-19 дар вазифаҳои раиси ташкилоти шаҳрии ҷавонони Самарқанд ва раиси бюрои мусулмонони вилоят хидмат мекард, бисёр кӯшиш ба харҷ додааст, ки ба муассисаҳои навташкили маориф сари вақт кумаки моддӣ ва маънавӣ расонда шавад. Дар идораҳои давлатӣ ба пешниҳод, маслиҳат ва ташаббусҳои ӯ назари нек доштанд. Ӯ, қабл аз ба коре даст задан, албатта, бо устодону шогирдон, аҳли илму фарҳанг суҳбат мекард, сипас амал менамуд. Тавре ки собиқ мудири китобхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдулҳамиди Пӯлодӣ (руҳаш шод бод!) дар хотироташ нигоштааст, дар ин машварату маслиҳатҳо зиёиён Тамҳид, Хилъат, Ҷавдат, Ҷомеъ, Аҳмади Равнақ, Саид Аҳмади Васлӣ ва дигарон ширкат меварзиданд.
Матбуот минбар аст
Гурӯҳе аз равшанфикрони Самарқанд бо пешниҳоди ташкил намудани рӯзномаи тоҷикӣ ба роҳбарияти Кумитаи ҳизбии вилоят муроҷиат намуданд. Онҳо маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки Абдулқайюми Қурбӣ ҳамчун раиси бюрои вилоятии мусулмонон далолатнома нависад ва зарурати таъсис додани рӯзномаро ба пешвоёни ҳизби коммунистӣ фаҳмонад. Реҷаи онҳо аз ҷониби ҳукумат пазируфта ва қарор шуд, ки ҳафтаномае дар ҳаҷми ҳашт саҳифа ба сифати нашрияи сиёсию иҷтимоӣ ва адабӣ бо номи «Шӯълаи инқилоб» таъсис дода шавад. Саидризо Ализода муҳаррир, Ғуломалӣ Козимзода ва Фахриддини Розӣ ходимони «Шӯълаи инқилоб» таъин гардиданд. Аммо соли 1921 душманони фарҳанги мо бо рафтори ношоистаи худ барои қатъ кардани фаъолияти он ҳаракат карданд ва баъди шумораи 92-юм ба муроди худ расиданд.
Қурбӣ аз шикасти «Шӯълаи инқилоб» таассуфи зиёд хӯрда, дар дил умед дошт, ки ба ҳамин шакл рӯзномаи наве таъсис диҳад. Он солҳо дар Тошканд муҳиту имконияти ташкил кардани чунин рӯзнома набуд, аз ин рӯ нияти неки ӯ дар Самарқанд амалӣ гашт. Замоне, ки дар вазифаи ҷонишини комиссари халқӣ оид ба масъалаҳои миллӣ (солҳои 1922-1923) кор мекард, ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мухтори Туркистон таъсиси рӯзнома ва ҷаридаҳои миллиро пешниҳод намуд. Ва ниҳоят соли 1924 бюрои кумитаи ҳизби вилояти Самарқанд дар бораи таъсис додани рӯзномаи вилоятӣ ба забони тоҷикӣ қарор қабул намуд. Бюро ташкили ҳайати таҳририя ва корҳои дигари созмондиҳиро ба ӯҳдаи ташаббускор – Абдулқайюми Қурбӣ гузошт. Вай аз ин навид хушҳол шуда, аз дӯстону ҳамфикрон хоҳиш намуд, ки таклифу андешаҳои хешро бобати шавқангезу дилнишин шудани рӯзномаи навтаъсис пешниҳод намоянд.
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Дар хонаи маданияти шаҳри Самарқанд анҷумани бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст. Дар байни намояндагони аҳли адабу фарҳанг устод Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муин Шукуруллозода, Маъруф Расулӣ, Ғуломалӣ Козимзода, Тӯрақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Ҳасан Ирфон, Фахриддини Розӣ ва дигарон буданд. Дар ин мулоқот бо назардошти он, ки рӯзнома бояд ношири афкори заҳматкашони Самарқанд бошад, номи онро «Овози тоҷики камбағал» гузоштанд. Дар маҷлис бо пешниҳоди кумитаи вилоятии ҳизб Абдулқайюми Қурбӣ – муҳаррир, Саидризо Ализода – котиб ва Ғуломалӣ Козимзода – тарҷумон интихоб шуданд.
– Дӯстони азиз, – гуфт Абдул-қайюми Қурбӣ, – ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ фармудаанд:
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Машварат идроку ҳушёрӣ
диҳад.
Бинобар ҳамин, барои ба савҳу хато роҳ надодан ва сонӣ пушаймон нашудан, мушкиле пеш ояд бояд якҷоя ҳал кунем. Умедворам, ки ҳамаи шумо аз рӯзи нахуст ҳаммаслаки таҳририя мешавед...
Боиси ифтихор аст, ки дар шумораи нахустини рӯзнома мақолаи пурэҳтироси устод Садриддин Айнӣ чоп шуд. Дар мақолаи устод чунин ҷумлаҳо буданд: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад, яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст.
Имрӯз бо саъйи ҳукумат рӯзномае ба забони тоҷикӣ чоп гардид. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард. Акнун метавонад, ки даркориҳои худро ба рӯзнома нависад. Акнун метавонад, ки дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, бо ҳар кас во намояд».
Дертар дар ҳамин рӯзнома повести «Одина»-и устод Садриддин Айнӣ пешкаши мухлисон гардид. Сипас асарҳои Сотим Улуғзода, Пайрав Сулаймонӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Бобоҷон Ғафуров, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ҳасан Ирфон, Ҷалол Икромӣ ва дигар адибони тоҷик чоп шуданд.
Абдулқайюми Қурбӣ бо вуҷуди муаммоҳои кори идораи рӯзнома, таҳлилу таҳрири маводи чопӣ, чун журналист бо мақолаҳои нишонрас баромад мекард, ки ба баъзе шахсони мансабталоши тангназар намефорид. Аммо ба ӯ ва ҳамкоронаш муяссар гардид, ки дар муддати кӯтоҳ рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро аз ҷиҳати эҷодӣ мустаҳкам намуда, онро бо маводи хонданӣ ҷолибу диққатангез кунанд. Он солҳо муаммои коғаз вуҷуд дошт.
Ёд дорам, камина пас аз хидмати ҳарбӣ муддате котиб ва асокаши адиб ва тарҷумон Ҳасан Ирфон будам. Зеро вай хирабин буд. Мо асарҳои адибони русро ба тоҷикӣ тарҷима мекардем. Раҳматӣ лаҳзаҳои истироҳат нақл мекард, ки чӣ тавр ҷиҳати пайдо кардани коғаз барои рӯзномаи «Овози тоҷик» бо устод Айнӣ ба Тошканд сафар кардааст. Воқеан, Раҳим Ҳошим, ки корманди рӯзномаи мазкур буд, қайд мекунад, ки «Қурбӣ ва Ализода барои дар вақташ чоп кардани газета аз савдогарҳо ба насия коғаз мегирифтанд».
Зеро муштоқии мухлисон ба рӯзнома бесабаб набуд. Маҳз дар «Овози тоҷик» хабарҳои тозаи ҷаҳон, намунаҳои беҳтарини осори адибон, шеъру ғазал, ҳикоёту ҳаҷвия, тарҷумаҳо ба табъ мерасиданд.
Сад дареғ, ки соли 1937 ӯ ба муддати 10 сол ҳабс гардида, ба маҳбаси вилояти Куйбишеви Русия фиристода шуд. Абдуқайюми Қурбӣ ба шароити тоқатфарсои маҳбас тоб наоварда, пас аз чор сол ҷон ба ҷонофарин супурд. Дар ҳамон солҳо ҳаммаслаку ҳамкораш Саидризо Ализода низ ҳамчун «аксулинқилобчӣ» дар маҳбаси Танбов вафот кард.
Хушбахтона, баъди чанд фурсат бегуноҳии онҳо аз тарафи ташкилотҳои дахлдори давлатӣ собит гардид ва номи некашон барқарор шуд, ки яке аз онҳо нахустин муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Абдулқайюми Қурбӣ буд. Ҳақ бар ҷониби шоир, ки гуфтааст:
Баъди мурдан нишони
мо сухан аст,
Оташи корвони мо сухан аст.
Гардад аз вай чароғи мо
равшан,
Халафи дудмони мо
сухан аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.