ИНСОНИ ТАНҲО ҚАДР НАДОРАД

Доктор Илоҳии Қумшаӣ чӣ зебо мегӯяд: «Тасаввур кун, ки як субҳ аз хоб мехезӣ ва мебинӣ, ки ҳеч касе, ғайр аз худат, дар дунё нест ва ту тамоми сарвати рӯйи Замин шудаӣ.

Доктор Илоҳии Қумшаӣ чӣ зебо мегӯяд: «Тасаввур кун, ки як субҳ аз хоб мехезӣ ва мебинӣ, ки ҳеч касе, ғайр аз худат, дар дунё нест ва ту тамоми сарвати рӯйи Замин шудаӣ. Он рӯз чӣ либосе мепӯшӣ? Чӣ ҷавоҳиротеро дар худ меовезӣ? Бо чӣ мошине сайр мекунӣ? Кадом хонаро барои зиндагӣ интихоб месозӣ? Шояд аз ин ҳама сарват ба ваҷд биёӣ, аммо оҳиста-оҳиста мефаҳмӣ, ки ҳақиқат чист. Вақте ҳеч касе нест, ки шоҳиди ин доштаҳоят гардад, ҳамаи онҳо бароят беарзиш мешавад. Соҳиби автомобили арзон ё гарон шудан фарқе надорад. Хонаи чандқабата ё оддӣ бароят як пул аст. Ҷавоҳироти даври гардану дасту барат хушҳолат намекунад. Ҳама асбоби шодӣ ҳаст, аммо ҳеч кадомаш шодат намекунад, чун касе нест, ки шодиятро бо ҳам бубинад. Он вақт мефаҳмӣ, ки ҳар чизи кӯчаку сода бо дигарон маънӣ дорад. Танҳо ҳамон вақт дарк месозӣ, ки барои дубора ба канорат баргардондани инсонҳо дунёро нисор хоҳӣ кард».

Таҳияи Д.ШӮҲРАТЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: