КУМАКИ САРҲАДБОНОН БОИСИ ХУРСАНДӢ ШУД

Ноҳияи Сӯх, ки аз чаҳор тараф бо Қирғизистон ҳамҳудуд аст, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳофизат карда мешавад.

Афсарону сарбозон баробари он ки вазифаи худро анҷом медиҳанд, бо мактабҳои ноҳия низ дар робита мебошанд. 
Ба наздикӣ як гурӯҳ сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба  мактаби рақами 25-ум, воқеъ дар деҳаи Зангати ноҳия ташриф оварданд. Онҳо ба мактаб 25 миллион сӯмина таҷҳизоти гуногуни варзишӣ тақдим намуданд. 
– Мо барои чунин туҳфаи хуб ба роҳбарияти ситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳия ибрози ташаккур мекунем. Минбаъд шогирдони мактабамон дар толори барҳавову муҷаҳҳаз машқу тамрин мекунанд. Мактабамон бо яке аз қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ робитаи худро давом хоҳад дод. Ин танҳо ба манфиати кор аст, – гуфт директори мактаб Абдумаҷид Юлдошев.
Баъд омӯзгорону донишомӯзони мактаб намоиши сагҳои хидматии неруҳои марзбониро бо завқу шавқи том тамошо карданд.
 
Рамиз АБДУЛЛОЕВ,
лейтенанти калони 
Қӯшунҳои сарҳадӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: