Музокироти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Сарвари давлатамон ба вохӯрӣ ифтитоҳ бахшида, ба Президенти Фаронса барои ташрифаш ба Ӯзбекистон таҳти сарварии ҳайати намояндагӣ, ки ба он шахсони расмӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, арбобони машҳури фарҳанг ва илм дохил шудаанд, арзи сипос намуд.
– Ин далели равшани эътибори шахсӣ ва муносибати хоссаи шумо ба рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, шаркии бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Фаронса мебошад, – қайд намд Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки ба шарафи вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ муносибатҳои Ӯзбекистону Фаронса хусусияти ҳамаҷониба касб карданд.
Ҷонибҳо аҳд карданд, ки равобити фаъоли сиёсӣ, муколамаи доимии байни парлумонҳо, ҳукуматҳо, идораҳои сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиро давом диҳанд.
Афзоиши босуръати гардиши мол, ки дар ояндаи назлик ба 1 миллард евро мерасад, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Портфели лоиҳаҳои ҷорӣ ва пешомаднок аз 10 миллард евро зиёд аст.
Дар кишвари мо чунин роҳбарони олами тиҷорати Фаронса, ба монанди Orano, EDF, Total, SUEZ, Eiffage, Voltalia, Lactalis, Veolia ва бисёр дигарон бомуваффақият кор мекунанд.
Сарвари давлатмон саноати истихроҷи маъдан, коркарди ашёи хоми стратегӣ, сохтмони неругоҳҳои гибридӣ, офтобӣ ва шамолӣ, навсозии низоми таъминоти об, ҷорӣ кардани кишоварзии оқилона, рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва нақлиётӣ, сайёҳиро ба сифати соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян намуд.
Барои пешбурди шарикии амалӣ, дар бораи роҳандозии Палатаи савдои Ӯзбекистону Фаронса ва кушоиши идораи агентии «Business France» дар Тошканд эълон гардид.
Ба мақсади амиқсозии ҳамкорӣ дар самти башардӯстона пешниҳод шуд, ки барномаи сесола қабул карда, дар чорчӯбаи он Рӯзҳои фарҳанг гузаронда шавад.
Ҷонибҳо аз ифтитоҳи филиали «Алянси Фаронса» дар шаҳри Самарқанд истиқбол намуда, дар бораи суръат бахшидан ба таъсиси донишгоҳи муштараки Ӯзбекистону Фаронса ба мувофиқа расиданд.
Пешниҳод шуд, ки барномаи рушди мубодилаи сайёҳӣ бо ташкили рейсҳои чартерӣ аз шаҳрҳои гуногуни Фаронса ба Самарқанд, Бухоро ва Хева таҳия карда шавад.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва идомаи ҳамкориҳо дар самти мубориза бо чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳои амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот роҳбари Ӯзбекистон ба Президенти Фаронса бомуваффақият баргузор намудани Бозиҳои тобистонаи соли 2024-ро дар Париж орзу кард.
Аз рӯйи натиҷаҳо сарони давлатҳо дастур доданд, ки оид ба татбиқи тамоми тавофуқоти ҳосилшуда «харитаи роҳ» омода карда шавад.