ИМКОНОТ ФАРОВОН – РОҲ ДУРАХШОН

Баъди ба охир расидани соли хониш боз як насли наврас бо мактаби азиз ва устодони меҳрубон, ки давоми ёздаҳ сол паси парта нишаста аз онҳо таълиму тарбия гирифтаанд, хайру хуш намуданд.

 Дар чашмон меҳр, бо умеду орзуҳои нек саросари кишвар ва берун аз он чун паррончакҳо ба парвоз меоянд.
Соли равони хониш дар мактабҳои таҳсилоти умумии вилояти Навоӣ 815 нафар толибилмон таҳсил гирифтаанд, ки аз онҳо 10 825 нафар синфи 11-ум, 17 410 нафар синфи 9-умро хатм намудаанд. Рушди иқтисодиёти кишвар, дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, тадбиқи ислоҳоти соҳаи таълим, дониш ва сабақи аз устодон омӯхтаи шогирдон онҳоро ба сӯи ғояҳои нав ба нави бунёдкорона ҳидоят мекунанд. Аз 1995 нафар хатмкунандагони 20 мактаби шаҳри Навоӣ 93 нафар ба медали тилло ва 5 нафар толибилм ба медали нуқра сазовор гардида, ба донишгоҳҳо қадам мегузоранд. Хурсандиовар аст, ки аллакай 28 нафар хатмкунанда донишҷӯи донишгоҳ гардидаанд. Албатта, дар замири ин ҳама комёбиҳо меҳнати пурсамар ва заҳмати омӯзгорон ниҳон аст. Беҳуда нагуфтаанд: «Кори муаллимиро осон магир, зеро дар дастгоҳи ӯ на чӯбу оҳан, балки инсон сайқал меёбад». Маҳз ҳамин заҳмати пурсамари омӯзгорон буд, ки дар вилоят 32 нафар ба гирифтани «Изофаи вазир» ноил гардидаанд.
– Байни толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят нафарони зиёд ба гирифтани сертификати байналхалқии IELTS ва забондонӣ ноил гардидаанд. Ин нишондод соли 2022 дар ноҳияи Кармана 74,8 фоизро ташкил дода бошад, дар соли 2023 – 88,1 фоиз афзуд, – мегӯяд иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Ҷаҳонгир Қаландаров. 
– Сафи омӯзгорони тоифаи олӣ нисбати 9,9 фоизи соли 2022 то моҳи майи соли 2023 14,8 фоиз, муаллимони тоифаи якум аз 27,3 фоиз ба 28 фоиз афзуд. Аз 227 нафар омӯзгорони забонҳои хориҷии ноҳияи Кармана 200 нафар сертификатҳои байналхалқӣ ва миллиро ба даст овардаанд, – гуфт Ҷ. Қаландаров.
– Мо, ҷавонон, аз имкониятҳои муҳайёгардида мамнун ҳастем. Ман дар озмуни фанни физика – «Янги Ӯзбекистон университети» иштирок намуда, гран-приро ба даст овардам ва тариқи имтиёз донишҷӯи ин донишгоҳ гардидам. Ба замми ин ба миқдори 20 миллион сӯм мукофотонида шудам, – гуфт зимни сӯҳбат толибилми мактаби таълими ҳамагонии рақами 14-уми шаҳри Навоӣ Маъмур Хушвақтов.
Бешубҳа, дар кишвари мо барои зиндагии муносиб, интихоби касб ва донишомӯзии ҷавонон ҳама гуна имконот ва шароит муҳайё мегардад. Дар Ӯзбекистон барои ҷавонон 210 муассисаи таълими олӣ, аз ҷумла, 36 донишгоҳ, 48 донишкада, 4 академия, 26 филиали дохилӣ, 30 филиали хориҷӣ, 65 нодавлатӣ, зиёда аз 340 мактаби касбу ҳунар, 193 коллеҷ ва 196 техникум дарҳои худро боз намудаанд. Ҳамаи таълимгоҳҳои номбурда бо техникаву технологияи замон таҷҳизонида шудаанд. Ҳамчунин дар беш аз ҳафт донишгоҳ  шуъбаҳои ғоибона ва дар 20 донишгоҳ бахшҳои шабона амал доранд. Дар ин шӯъбаҳо ҷавонон метавонанд аз истеҳсолот дур нашуда маҳорати касбии худро такомул диҳанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: