Шабакаи кластерҳои шоҳибарорӣ, ки бо ташаббуси роҳбари давлат ташкил гардидаанд, торафт меафзояд.
Ба қарибӣ дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд корхонаи коркарди нахи пиллаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Urgut silk fiber company» кластери 75-уми шоҳибарории низоми Иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат» фаъолияти худро оғоз намуд.
Алҳол кластери шоҳибарории «Urgut silk fiber company», ки фаъолияти худро соли 2021-ум сар карда буд, 10 ҳазор сокинонро бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин менамояд. Соли равон дар пояи муоҳидаҳое, ки бо хоҷагиҳои фермерӣ ва ҳунармандон имзо шудаанд, дар ноҳия 295 тонна пилла тайёр карда шуд. Аз ҷониби роҳбарияти кластери деҳаи Ӯрамас боз як лоиҳа бобати коркарди пилла бо арзиши умумии 15 миллион сӯм татбиқ гардид.
Ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов ва раиси раёсати Иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат» Б. Шарипов, ки дар маросими кушоиши корхона иштирок карданд, аъзои кластери мазкур ва сокинонро муборакбод намуданд.
– Маҳаллаи «Ӯрамас» ба ҳудуди саноатӣ табдил меёбад, сокиноне, ки пештар танҳо бо кишоварзӣ машҳур буданд, ҳоло дар соҳаи соҳибкорӣ ба натиҷаҳои баланд муваффақ мегарданд. Бешубҳа, он чиз боиси эътибор мебошад, ки аз ҷониби корхонаи коркарди пиллаи ин кластер барои занон 120 ҷойи корӣ ташкил карда шуд.
Раиси раёсати Иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат» Б. Шарипов таъкид сохт, ки солҳои охир дар кишвари мо соҳаи кирмакпарварӣ бо сураъати баланд инкишоф меёбад. Соли 2016-ум дар ҷумҳурӣ ба маблағи 20 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд, соли равон бошад, танҳо вилояти Самарқанд ба ҳамин қадар маблағ маҳсулоти пилларо ба хориҷа содир намуд.
– Таҷҳизоти хитоӣ ба арзиши 520 ҳазор доллар, ки дар корхонаи мо устувор карда шудаанд, соле 500 тонна нахи пилларо кор карда мебароянд, – мегӯяд роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Urgut silk fiber company» Одил Одилов. – Соли равон мо маҳсулоти пилларо, ки хоҷагиҳои фермерӣ ва пудратҳои оилавӣ – аъзои кластери мо истеҳсол кардаанд мустақилона қабул ва коркард намудем, ин имкон дод, маҳсулотеро, ки 2,5 миллион доллар арзиш дорад, ба содирот бароварем. Соли 2023-юм ният дорем ин нишондиҳандаро ба 4 миллион доллар расонем. Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ, гилем ва сарулибосҳо аз нахи пилла ба роҳ монда шуд.
Ғолиб ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: А.ИСРОИЛОВ (ӮзА).