10 август дар вилояти Ромитан оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Бухоро ҷамъомад барпо гардид.
Дар оғози ҷаласа маросими ба истифода додани иншооти нави саноатӣ, хидматрасонӣ ва иҷтимоӣ дар вилояти Бухоро баргузор шуд. Инҳо корхонаҳои «Вобкент тола кластер» дар вилояти Вобкент, «Қоракӯл кумуш калава" дар вилояти Қароқӯл, «Бухоро реал мото» дар ноҳияи Қаровулбозор, «Экватор чодак" дар шаҳри Бухоро, «Кончи» ва «Пром текстил» дар шаҳри Когон, корхонаҳои равғану чарбу дар ноҳияҳои Ғиждувон ва Пешку, меҳмонхона дар шаҳри Бухоро ва иттиҳодияи тиббӣ дар ноҳияи Бухоро мебошанд.
Сарвари давлат бо пахши тугмаи рамзӣ ин маҷмааҳоро ба истифода дод.
Сипас, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Бухоро, вазифаҳои асосие, ки бояд дар ин самт то охири сол анҷом дода шаванд, баррасӣ шуданд.
Нишондиҳандаҳои ҳозираи иқтисодӣ қайд карда, имкониятҳои иловагии афзоиши онҳо нишон дода шудаанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ саноати Бухоро 5,3 фоиз афзуд. Содирот 124 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра 250 миллион доллар сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар бештар аст. Аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ин рақам кам шудааст.
Таъкид гардид, ки то охири сол 858 лоиҳа амалӣ гардида, 15 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Умуман, 250 ҳазор касро бо кор таъмин кардан лозим аст.
Вазифа гузошта шуда буд, ки воридот дар саноат 150 миллион доллар кам карда, содирот ба 400 миллион доллар расонда шавад. Зимнан зикр гардид, ки истифодаи пурраи иқтидори сайёҳии вилоят имкон меҳад, ки 25 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин намуда, ба маблағи 300 миллион доллар даромад аз содирот ба даст оварда шавад.
Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда ҳисоботи ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо шунида шуданд.