Варзишгарони ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Кӯҳсори ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё дар як сабқати ҷумҳуриявӣ миёни тимҳои волейболбозони кишвар ҷойи дуюмро ишғол намуд.
Ин тими ҷавонон дар байни ҷавонписарони синни 22-26-сола дар мусобиқаи ҷумҳуриявии лигаи «А», ки дар шаҳри Тошканд натиҷаи назаррасеро ба даст овард. «Кӯҳсор» ба финали сабқат расид, аммо дар ниҳояти муборизаҳо ба дастаи волейболбозони вилояти Бухоро ҳисобро бохт ва ҷойи дуюмро соҳиб гардид.
– Мусобиқа хеле ҷолиб анҷом ёфт. Мо то буди имкон ҳаракат намудем, ки ғалаба ба даст оварем. Доварон низ аз адолат кор гирифта, баҳои муносиб гузоштанд. Имсол ҷиддӣ омодагӣ мегирем ва дар мусобиқаҳои оянда ғолиб хоҳем омад, – гуфт сарвари дастаи волейболбозони «Кӯҳсор» Искандар Султонов.
Аз 9 нафар узви даста панҷ нафар омӯзгорони ҷавоне маҳсуб меёбанд, ки дар мактаби рақами 60 ба фарзандони мардум аз фанҳои мухталиф дарс медиҳанд. И. Муродқулов, И. Раҳмонов, И. Нуриддинов, А. Нуриддинов ва О.Алимуродов аз зумраи чунин омӯзгорони мактаб ҳастанд, ки ҷуз садоқат ба пешаи худ дар кори тарғибу ташвиқ ва ривоҷ додани соҳаи варзиш дар байни ҷавонон ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Азбаски зимистони ин мавзеъ ба дарозо мекашад, ҷавонон барои босамар ва хуш гузаронидани вақти бекори худ дар толори варзишии мактаб ҷамъ меоянд ва машғули бозии волейбол мегарданд. Онҳо ба дастаҳо ҷудо шудаву пайваста байни ҳам мусобиқаҳо доир намуда, нозукиҳои онро бештар азхуд месозанд. Дар тӯю тантанаҳои мардум ҳам аз намуди волейболи варзиш мусобиқаҳо доир мегардад, ки назирашро дар дигар маҳалҳо кам дучор меоем. Ин ҳама аз завқи баланди ҷавонон ба варзиш, хоса, ба намуди волейболи он шаҳодат медиҳад.
Шарофқул НОРОВ,
директори мактаби рақами 60-уми ноҳияи Китоб.